Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Муҳаммадҷон ШОДИЕВ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон
— Мо бо заҳмату меҳнат калон шудем. Пеш аз дарсу баъд аз дарс ва ҳатто мешуд ҳолате, ки вақти дарс ҳам меҳнат мекардем. Гову мол нигоҳ мекардем, ба саҳро юнучқадаравию пахтачинӣ мерафтем.
— Ҳамин гапро дигар нафарони таҷрибадор ҳам мегӯянд. Аммо, лутфан, агар махфӣ набошад, бигӯед, ки вақти дарс ҳам дар саҳро меҳнат мекардед ё дар заминҳои муаллимон?
Саъдӣ ҚОДИРЗОДА, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ
— Дар соли 2023 вобаста ба ҷалби бештари сармоя бо шарики стратегии худ корбарӣ мекунем. Моҳи март дар доираи сафари сарвазири Русия баргузории бизнес-форум ба нақша гирифта шудааст, ки имзои чанд созишномаи нав дар назар аст.
— Аз имзои созишномаҳо фақат бо Чину Туркияву Русия дилгир нашуда бошед? Намешавад, ки доираи созишномаҳои навро васеъ кунему сармоягузорони давлатҳои дигари гуногунро ҷалб намоем?
Умар ЗИЁЕВ, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон
— Имрӯз дастаи “Гулшан” ва ба ин монанд ҳама дастаҳои ҳунарии дигар бояд шеваи фаъолияти худро иваз кунанд ва ба раванди бозорёбӣ пайванданд, вагарна, ба гӯшаи фаромӯшӣ ва нобудӣ хоҳанд рафт.
— Эҳа, чунон суханҳое мегӯед, ки гӯё дастаи “Гулшан”-у ба ин монанд дастаҳои ҳунарӣ корхонаҳои тиҷоративу саноатӣ бошанд! Вагарна, шеваи фаъолияташон мушаххас аст ку…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ