сари сабз

Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Исфандиёр ҒУЛОМОВ, ҳунарманди синамову театри тоҷик

— Меҳрубон Назаров, вазири пешини фарҳанг ба дидани ҳама нахустнамоишҳои театр меомад. Солҳост, ки ман вазири фарҳангеро дар театр надидаам. Вазирон вазифадоранд, ки ба театр оянд, вале намеоянд.

— Шояд серкор бошанд… Ё шояд ҳамчун нафари вазифадору масъул аз дидани намоишҳои пучу бемаънии театрӣ шарм доранд?

Ориф ХОҶАЗОДА, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

— Баъзе хонаводаҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Истаравшан оби боронро дар зарфҳо ҷамъ карда, тобистон дар полезҳои худ истифода мебаранд ва дар натиҷа ҳар як ҳавлӣ ҳамеша бо помидору бодиринг, картошкаву кабудӣ ва дигар сабзавоти худӣ таъмин аст.

— Ҳммм, аҷиб! Ғунҷоиши зарфҳои онҳо чӣ қадар бошад, раис? Дақиқ кунед, метавон аз ин таҷриба дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ истифода бурд.

Бахтиёр ШАРИФӢ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон

— Аз соле, ки дар сохтори давлатӣ фаъолият мекунам, ҳеҷ чиз барои худам нахаридам. Бӯстонсаро надорам, ҳатто тарзи дамгириро намедонам, зеро дар тӯли солҳо ягон маротиба ба осоишгоҳҳо нарафтам.

— Худро ин қадар хору зор накунед, раис! Агар тарзи дамгириро надонед, аз ягон раиси таҷрибадор ё соҳиби бӯстонсаро маслиҳат пурсед…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *