Ташвиши довталаб. Чаро Маркази миллии тестӣ нархро гарон кард?

— Аввали моҳи март дар Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз мегардад,- иттилоъ додааст Маркази миллии тестӣ. Ҳамчунин, ин марказ аз гарон шудани нархи хадамоташ хабар медиҳад.

Интихоби ихтисос

Иттилоъ дода шудааст, ки дар 44 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 49 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 15 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки имсол хонандагоне, ки соли таваллудашон 2005 мебошад, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро хатм менамоянд.

Ҳамчунин, Маркази миллии тестии Тоҷикистон бо мақсади осон кардани кори довталабон барои интихоби ихтисосҳо, ки рӯйхати онҳо бояд ба нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад, барномаи «Интихоби ихтисос» таҳия кардааст.

Барномаи мазкур, ки яке аз навгониҳо дар соли рвон мебошад, дар ду гуна: мобилӣ — дар телефонҳои ҳушманд (смартфон) ва компютерӣ — барои истифода дар компютерҳо омода гардидааст.

Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки агар довталаб чунин имкон надошта бошад, ба нуқтаи бақайдгирӣ шакли дастнависи онро метавонад пешниҳод кунад.

Киҳо имтиёз доранд?

Марказии миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон арзиши хадамоташ дар соли равон барои иштирок дар имтиҳоноти дохилшавиро эълон кард.

Нархи хадамоти иштирок дар имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ барои хатмкардаҳои синфи 11 ё худ шахсони дорои маълумоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 300 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар ин бора Маркази миллии тестии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ин нишондод барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ 210 сомониро ташкил медиҳад.

Нархҳо дар қиёс бо нишондоди соли 2022 мутаносибан 60 ва 30 сомонӣ боло рафтаанд.

Таъкид шудааст, ки арзиши мазкур бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа шудааст.

Дар баробари ин гурӯҳҳое низ мушаххас шудаанд, ки дар пардохти ҳақи хадамоти Маркази миллии тестӣ дар имтиҳоноти дохилшавӣ аз имтиёзҳо бархӯрдоранд.

Аз ҷумла, шахсони то 21-солае, ки ятими кулл ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озоданд.

Инчунин, шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва «кӯдакони маъюб» аз пардохти 50%-и маблағ озод мебошанд.

«Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё «кӯдаки маъюб» бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳоноти дохилшавӣ озод аст»,- омадааст дар иттилоия.

Маркази миллии тестии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдор пешниҳод намоянд.

Д. ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *