баҳри Арал

Ҳамоиш бахшида ба мушкилоти экологии баҳри Арал

Дар шаҳри Душанбе соли равон чорабинии сатҳи баланд бахшида ба мушкилоти экологии баҳри Арал баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла, аз 5 то 7-уми июни соли равон дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ бахшида ба 30-юмин солгарди таъсиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал сурат хоҳад гирифт. Рамзи солгарди Хазинаи байналмилалии наҷоти Аралро  бошад, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ кардааст.

Ҳамчунин, дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 14 ва 15-уми сентябри соли равон нишасти сарони кишварҳо — муассисони Сандуқи наҷоти Арал баргузор мешавад. Он ба муносибати панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида мешавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи экологӣ ва аз байн рафтани бузургтарин пиряхҳо дар ҳамоишҳои сатҳи баланд борҳо изҳори нигаронӣ кардааст. Зеро кишварҳои Осиёи Марказӣ бар асари обшавии пиряхҳо ва биёбоншавӣ метавонанд ба мушкили ҷиддии амнияти озуқаворӣ рӯ ба рӯ шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *