Русия ба 200 ҳазор сохтмончӣ ниёз дорад

Дар соҳаи сохтмони Русия 200 ҳазор коргар намерасад. Дар ин бора “ТАСС” аз номи роҳбари маркази кадрҳои Вазорати меҳнати ин кишвар Елена Сенкевич хабар медиҳад.  

“Талаботи ҷорӣ ҳудуди 200 ҳазор коргар дар соҳаи сохтмон ва 90 ҳазор дар Хоҷагии манзилию коммуналӣ аст”,- иброз доштааст Сенкевич.

Муовини раиси ҳукумати кишвари Хабаровск оид ба масоили сохтмон Керим Сунгуров зикр кардааст, ки дар соҳаи сохтмони ин минтақа ҳудуди 3,5 ҳазор коргар намерасад.

“Мутаассифона, шумораи ҷойҳои кории холӣ бамаротиб аз теъдоди бекорон дар минтақа зиёд аст”,- гуфтааст Сунгуров.

Моҳи октябри соли 2022 дар Вазорати сохтмон бинобар сабаби норасоии бинокорон ҷалби бекоронро пешниҳод намуданд.

Дар Шӯрои ҷамъиятии назди Вазорат зикр карданд, ки ин шумора аз 3 то 5 млн нафарро ташкил медиҳад.

Қаблан президенти Иттиҳодияи миллии бинокорон (НОСТРОЙ) Антон Глушков гуфта буд, ки шумораи коргарони муҳоҷири сохтмончӣ дар Русия то 500 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст, ки чаҳоряки нишондиҳандаи поёни соли 2020 аст.

Ӯ зикр кардааст, ки норасоии бештари муҳоҷирони корӣ феълан дар минтақаҳои Русия эҳсос мешавад, зеро Маскав, Санкт-Петербург ва якчанд шаҳри бузург бо пешниҳоди маоши нисбатан баланд ҳамаи муҳоҷирони воридшударо ба сӯи худ ҷалб мекунанд.

Вазири меҳнати Русия Ирек Файзуллин зикр карда буд, ки дигар ба онҳо аз ширкатҳои сохтмон дар робита ба масъалаи камбуди муҳоҷирон муроҷиат намекунанд.

Ба гуфтаи Файзуллин, гурӯҳи кории байниидоравии хукумат «нисбат ба коргарон аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хеле дақиқ корро ба роҳ мондааст».

Ғайр аз ин, илова кардааст вазир, дар доираи мубориза бо таҳримҳои кишварҳои Ғарб, Вазорати сохтмон доир ба масъалаи дарёфти самтҳои нави ҷалби қувваи корӣ тадбирҳо рӯйи даст мегирад. “Шояд аз Ҳиндустон бинокоронро ҷалб кунем”,- хабар додааст ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *