толеънома

Толеъномаи 4-уми марти соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рўзи хуб аст, хусусан барои табобат ва беҳ сохтани вазъи саломатӣ. Агар тарзи табобати пешгирифтаатон самарае набахшад, усули дигари табобатро пайгирӣ намоед. Чанд мушкили рўзгор пеш меояд, ки бояд ҳатман аз пайи рафъ карданаш шавед. Барои он ки азоби бепулӣ накашед, захира кардани пулро ёд гиред ва сарфи беҳуда накунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ҳама кор боэҳтиёт бошед. Бо мошини шахсии худ ба сафари берун аз шаҳр баромаданро тавсия намедиҳем, рух додани вазъиятҳои садамавӣ ва ба қонунвайронкунӣ роҳ додану ҷарима супоридан имкон дорад. Дарди дилро танҳо дар ҳузури шахсе кунед, ки ба шумо сидқан боварӣ дорад. Нафароне, ки дар ин рўз зодрўз доранд, аз дўстдоштаи худ хабари хуш мешунаванд.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рўз барои харидкунӣ ба мағозаву бозор рафтанро тавсия намедиҳем, ҳатто агар вазъи молиявиатон хуб бошад ҳам. Парҳезро риоя намуда, аз хўрокҳои шўр, равғанин ва серғизо худдорӣ намоед. Барои рафъ намудани мушкилиҳое, ки байни шумову дўстдоштаатон пайдо шудааст, муваққатан робитаатонро бо ў қатъ намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар нияти ба мағоза рафтанро дошта бошед, хариди калон мекунеду кисаатон холӣ мемонад. Умуман дар ин рўз маблағи зиёд сарф мекунед, хатари аз даст додани пул зиёд аст. Аз пайи ба даст овардани пул давиданро низ тавсия намедиҳем. Беҳтараш бо ибодат машғул шавед. Кори вазнини ҷисмонӣ ба саломатиятон беасар намемонад.

Асад (23 июл-23 август)

Пешниҳодҳои дар ин рўз пайдошуда ба вазъи молиявиатон таъсири зиёд мерасонанд. Рўзи бобарор аст. Ба нафароне, ки аз шумо кумак мепурсанд, ба қадри имкон дасти мадад дароз кунед. Атрофиён аз шумо на маблағ, балки дастгирии маънавиро интизоранд. Нисфирўзӣ кунҷи танҳоӣ ҷустану қаҳр карданатон хуб нест. Чеҳраатонро кушода гиред, мурғи бахтатон наздик аст.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рўз хатари хурўҷ намудани бемориҳои музмин, хусусан иллати пешобдон ва гурдаҳо эҳтимол дорад. Атрофиён дамдузду бадқаҳр мешаванд. Дар хонаву ҷойи кор нисбати шумо талабот сахт мегардад. Таъмири хона ва ба ҷойи нав кўч бастан, фурўши хона бобарор анҷом меёбад. Меҳру муҳаббат нисбати шахси бароятон азиз дар ин рўзҳои баҳорӣ бештар мегардад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар дар ин рўз худро аз ҳамкорон як сару гардан боло гиред, муносибатҳоятонро вайрон мекунед. Мақоми пештараатонро аз даст додан нахоҳед, манманӣ накунед. Имрўз ба нафаре ниёз доред, ки дар чунин лаҳзаҳои душвор шуморо дастгирӣ намояд. Саломатӣ ва табъи хуш аз ҳолати руҳиятон вобастагӣ дорад. Агар қалбатон ғамгин бошад, ҳатто ҳавои баҳорӣ хотиратонро шод намегардонад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рўз пулро эҳтиёткорона сарф кунед. Беҳтараш хариди калон накунед, вагарна рўзи дигар аз чизҳои харидаатон пушаймон мешавед. Дар робита бо атрофиён гузашт карданро омўзед. Вақти бештари худро дар ҳавои кушод гузаронед. Барои он ки ба зудӣ шамол кашидаву табатон баланд нашавад, саломатиро мустаҳкам созед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рўз ба шитобкорӣ роҳ додану ба касе чизеро исбот кардан намехоҳед. Ҳатто баъзе корҳоятонро ба таъхир мегузоред. Беҳтараш рўзро барои худ ва наздиконатон бахшед. Оғози кори наву ғайриоддӣ бар зарар асту боиси аз даст додани маблағ мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат ва ҳангоми бо нафаре  шинос шудан ба садои қалби худ гўш диҳед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Муносибататон бо наздикон ё яке аз ҳамкорон вайрон гашта, барои ба худ омаданатон сабру таҳаммули зиёд лозим мешавад. Агар ором шуда, ба ҳодисаи рухдода ба таври дигар нигаред, дар рафтори худ камбудиҳои зиёдеро пайдо мекунед. Барои он ки рўзатон бобарор анҷом ёбад, аз танқид худдорӣ намоед. Барои бо варзиш машғул шудан рўзи номусоид аст.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рўз зери таъсири нафаре мемонед, ки сабабгори ба фиребу найранг печиданатон мегардад. Фаромўш насозед, ки камтарин ғалат дар масъалаи молиявӣ боиси муфлис гаштанатон мегардад. Барои аз бемориҳои музмин раҳоӣ ёфтан, либосро мувофиқи вазъи ҳаво ба бар намоед, на бо хоҳиши худ.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Шумо зиндагии худро бе орзуву омолҳои ошиқона тасаввур намекунед, вале имрўз бояд ҳақиқатбин бошед. Шиносоии нав ва ишқбозиро дар маконе, ки кор мекунед, тавсия намедиҳем. Аз баҳри хафагиву гуноҳони баъзеҳо гузашт намоед, кинаро аз дил дур карда, худро сабук ҳис мекунед. Хеши дуратон ба меҳмонӣ омада, туҳфаи пурқиммат меорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *