Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Зебинисо РУСТАМОВА, камонвари машҳури тоҷик

— Имрӯз барои ҷавонони мо тамоми шароитҳо фароҳаманд ва онҳо хеле лаёқатманданд. Онҳо метавонанд дар тамоми донишгоҳу донишкадаҳои дунё таҳсил намоянд ва малакаю маҳорати худро баланд бардоранд.

— Аммо, муаллимаи азиз, ин тавр ки бошад, чаро аз байни ҷавонони мо ягон Зебинисо Рустамоваи дигар набаромада истодааст? Ё масалан ягон Ҳошим Гадои дигар…

Афзалшоҳи ШОДӢ, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон

— Чанд шеъри нави дигар ҳам ҳастанд, ки дар консерт месароем. Албатта, даъвои шоирӣ накардаам ҳеҷ гоҳ, аммо ман набераи Рӯдакию писари Лоиқ ки ҳастам, ҳатман бояд кам-кам шеър ҳам гӯям.

— Хуб мекунед, устод, “ба як мард чил ҳунар кам аст”. Бисёр ҳунармандоне дорем, ки худашон шеър менависанд, оҳанг мебанданд ва худашон месароянд.

Хайриниссо ВАТАНОВА, муаррифигари рақси тоҷикӣ

— Кам мешавад, ки як санъаткор ду жанрро интихоб кунаду дар ҳарду муваффақ гардад. Ба ҳамин хотир, ман бо устодонам маслиҳат кардаму як роҳро интихоб кардам — рақсро. Чунки дар ин роҳ аллакай дуо гирифта будам.

— Шояд он вақт дигар будааст муносибат бо дуо ва нафарони дуодеҳ. Ҳоло агар дуо диҳанд, шояд дар бисёр ҳолат чунин суолро шунаванд, ки “дуои бепул ба кӣ даркор!?”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *