Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Ҳошим ГАДО, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон

— Солҳои охир аз журналистон мегурезам, онҳо аз қафоям медаванд, вале ман сар намефарорам. “Чаро?”,- суол намо аз ман. Посух медиҳам: “Ман намехоҳам дурӯғ гӯям…”.

— Ииии, аҷоиб будаед, устод. О, кӣ маҷбур мекунад, ки дурӯғ гӯед ва барои чӣ аз журналистон мегурезед? Охир, онҳо ҳам барои дурӯғ шунидан аз қафоятон намедаванд ку!

Шарифҷон НАҶМИДДИНОВ, омӯзгор аз шаҳри Истаравшан

— Бениҳоят солҳои вазнин буд. Аз як тараф гуруснагӣ, аз тарафи дигар бесаводӣ мардумро таҳдид мекард. Аз ин рӯ, барои аз илму донишу маърифат дур намондани насли оянда ройгон бошад ҳам, ба дарс мерафтем.

— Пас, он солҳо аз имрӯз, ки ҳама ҷо сериву пурист, чӣ фарқ доранд? Барои чӣ омӯзгорон ройгон дарс намедиҳанд? Ё насли имрӯза аллакай босавод шудаанд?

Нусратуллои ИНОЯТУЛЛО, ҳунарманди ҷавони фалаксаро

— Ман аз бисёр сарватмандон хоҳиш мекунам, ки санъаткоронро дастгирӣ намоянд, то ки санъати тоҷик боло равад. Хоҳиши дигарам ин аст, ки фаҳмида дастгирӣ намоянд, нофаҳмида накунанд.

— Парадокси аҷиб! Ана ҳамин хоҳиши дуюматонро намекардед, хуб мешуд. Зеро, агар фаҳманд, шояд сарватмандон баъзе санъаткоронро умуман дастгирӣ накунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *