Роҳро сохтанду роҳрав мушкилгузар аст

Ба таваҷҷуҳи раиси ноҳияи Фирдавсӣ Умед Гуреззода

Тағоймурод Ҷумъаев, сокини ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” занг зада, аз ҳолати бади роҳрав баъд аз таъмир воқеъ дар кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон, маъруф ба маҳаллаи 46 изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ мегӯяд, ки роҳи мошингузарро дар маҳаллаи 46-уми ноҳияи Фирдавсӣ ба самти ноҳияи Рӯдакӣ таъмир карда бошанд ҳам, аммо роҳравро мушкилгузар кардаанд. Ӯ гуфт:

— Ду тарафи роҳи одамгузар аз тарафи маркази савдои “Якка”, мағозаи мебел ва ҷои самбӯсафурӯшӣ баланд аст. Дар ягонҷо зинапоя ё роҳи махсус барои гузаштани маъюбон нест. Мардум вақте аз нақлиёт мефароянд, чӣ хел ба хонаашон гузашта раванд? Ақаллан масъулин фикри одамони калонсолу маъюбро намекунанд? Раҳмат ба раиси ноҳияи Фирдавсӣ, ки баъди таъин шудан супориш дод, то роҳи одамгузарро сафолакпӯш кунанд. Ҳол он ки, муддати тӯлонӣ роҳравро канда буданду ба ҳолаш гузоштанд. Аммо ду тарафи роҳравро бетон ва баланд карданд. Занҳое, ки бо коляска меоянд, баромадану фаромада наметавонанд. Ягон нафарро илтимос мекунанд, баъд коляскаро бардошта ба ҷониби роҳи одамгузар мегузоранд. Боз мегӯям, ки раҳмат ба падари раиси нави ноҳияи Фирдавсӣ. Ӯ пайи қадами нек доштааст, ки дар роҳи маҳаллаи 46-ум столба шинонданд. Лекин дигар масъулини мақомоти ноҳияи Фирдавсӣ куҷо менигаранд? Умеди раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро барбод надиҳанд.

Биёянд, як маротиба бинанд ҳолати калонсолону маъюбонро, ки чӣ хел аз роҳи одамгузар бо душворӣ мегузаранд. Мушкили дигар ҳам дорем. Як қисми кӯчаву хонаҳои мо ном надоранд. Ягон меҳмон ё корафтодае биёяд, роҳгум мезанад. Ронандаҳои таксӣ меоянд, кӯчаву хона мекобанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *