Интиқоли рубл ба Тоҷикистон осон шуд

Бонки ВТБ-и Русия имкони интиқоли пул ба Тоҷикистонро тариқи рақами телефон имконпазир кард.

Дар баробари Сбербанк, МТС-Банк ва Тинкофф, ин намуди хизматрасонӣ барои муштариёни ВТБ низ дастрас шуд. Муштариён имкон доранд, ки дар як рӯз то 50 ҳазор рубл интиқол диҳанд. Маблағии ҳадди ниҳоии иҷозатдодашуда дар як моҳ 300 ҳазор рублрот ташкил медиҳад. Интиқол фавран анҷом дода шуда, ҳақи хизматрасонӣ 0,5% аз маблағи умумиро ташкил медиҳад. Хизматрасонӣ тавасути “ВТБ онлайн” низ дастрас аст.

Ин ниҳоди молӣ тасмим гирифтааст, ки то охири сол ҳаҷми умумии чунин интиқолҳоро ба 1,5 миллиард рубл расонад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки интиқоли пул аз Русия ба як қатор кишварҳои пасошӯравӣ чанд маротиба афзоиш ёфт. Ҳаҷми рекордии интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон рост омадааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *