сарбоз

Заҳре ба деги асал. Онро чӣ гуна бояд рафъ кард?

Мавсими даъват ба сафи Артиши Миллӣ ҳамин моҳ ба охир мерасад ва то имрӯз аллакай зиёда аз 80 фоизи нақшаи даъват иҷро шудааст. Аммо ҳанӯз наметавон гуфт, ки ин даъват муваффақона аст ва барои ин чанд сабабе мавҷуд аст, ки баррасии он дар матбуоти даврӣ зарур мебошад.

Қабл аз ҳама, бояд гуфт, ба даъвати имсола он наворҳои пур аз тавҳине,ки дар айни авҷи маъракаи даъват рӯи кор омаданд, шояд то андозае ба зеҳни мардум таъсир карда бошанд. Дар он навор, ки маъракаи “мардаксозии” наваскарон аз ҷониби куҳнааскарон сабт гардида буд, саҳнаи хеле нигаронкунандаеро дидан мумкин аст, ки боиси ташвиши ҳам мардум ва ҳам роҳбарияти артиш гардид. Зеро роҳбарияти Артиши миллӣ ҳаргиз ҷонибдори чунин “мардонагии” зердасони худ набуду мардум низ гумон надоштанд, ки дар артиш то ин дараҷа нисбати фарзандони онҳо рафтори бераҳмона мекунанд. Ин ба назари ман, як қошуқ заҳре буд, ки ба деги асал рехтанд. Онҳое, ки ин корро карданд ва ё барои ин ҳодисаи нангин мусоидат намуданд, ҳоло дар боздоштгоҳанд ва ҳатман ҷазои худро мебинанд. Аммо такрор ҳам шавад, таъкид менамоем, ки барои ба “қуттии ахлотпартоӣ“ ҳавола кардани он кори зиёдеро иҷро кардан зарур аст. Коре бояд кард, ки ин манзараи барои волидон даҳшатангез дигар ҳаргиз намудор нагардад. Қабл аз ҳама, тарбияи ахлоқии сарбозонро дар қисмҳои ҳарбӣ ба таври нав ва бо тарзи дигар бояд ба роҳ монд ва барои ин пеш аз ҳама худи афсаронро дар руҳияи оштинопазирӣ нисбати чунин амали сарбозон тарбия намуд. Яъне, онҳое, ки масъули тарбия дар қисмҳи ҳарбӣ (пештар онҳо дар Артиши Сурх комиссар ва дар Артиши Шӯравӣ замполит ном доштанд) бояд ба таври ҳамешагӣ на танҳо рафтори аскарон, балки афсарони ҷавонро ҳам зери назорат гиранд. Хулосаи ин андеша он аст, ки агар кӯдакро бе назорат монӣ ва ин кӯдак дар даст гӯгирд дошта бошад, ҳатман сӯхтор рух медиҳад. Ҳол он ки, дар дасти сабозон аз гӯгирд дида чизи даҳшатноктаре ҳаст, ки метавонад сари ҷаҳл ба фоҷеа бурда расонад. Дар ин маврид ман сад анадар сад ҷонибдори андешаи генерал Суҳроб Рауфзода мебошам, ки гуфт: “Он навор амали ноҷавонмардонаву ғайринсонии он сарбозон мебошад. Инсоне, ки аз Худо тарс дошта бошад, чунин рафтори аблаҳона намекунад. Инро низ бояд зикр кард, ки нафаре, ки аз Худо наметарсад, на аз фармондеҳ, на аз прокурор, на аз суд ва на аз қонун тарс надорад”.

Ин андешаи генерал ҳам лоиқи дастгирист, ки мегӯяд: “Нафареро, ки 18 сол ё беш аз инро дар оила тарбия карда наметавонанд, мо дар 1 ё 2 сол чӣ гуна ӯро тарбия менамоем!? Аз ин рӯ, бояд дар тарбияи фарзандон падару модар ва омӯзгорон ҷиддӣ муносибат намоянд”.

Воқеан, тавре русҳо мегӯянд, ”кривого толко могила исправит” (одами каҷро танҳо гӯр рост мекунад). Аз ин ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар як ҷо ҷамъ омадани чанд тарбиянодида низ шояд амри тасодуф бошад, аммо тасодуфе, ки баёнгари ҳолати нохуш гардид.

Имрӯз ҳама дар бораи ин навор мегӯянд, вале кам касон аз қаҳрамонию далерии сарҳадбонони тоҷик дар яке аз пурхатартарин марзҳои ИДМ бо Афғонистон ва моҷароҳои соли охир бо қирғизҳо ёдовар мешаванд, ки ҷони худро ба хатар гузошта ва баъзеҳо онро ба хотири Ватан аз даст дода, марзу буми бобоиро ҳимоя намуданд. Мо бояд имрӯз аз чунин қаҳрамонию ҷонбозиҳои аскарону афсарони шуҷоъ гӯем ва онро намунаи ибрат намоем.

Вақте ки (ба андешаи ман) дар мавриди чизҳои мусбат бо сарбозон бештар суҳбат мекунӣ ва бо истифода аз фарҳаги бою маданияти баланди миллӣ онҳоро ба роҳи рост ҳидоят менамоӣ, бо боварӣ метавон гуфт, ки дурри мақсуд ба даст хоҳад омад.

А. АҲМАДЗОДА, майори мустаъфӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *