толеънома

Толеъномаи 20-уми майи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ба ҳар тавсияе, ки пайвандон медиҳанд, гӯш дода, мувофиқи он амал намоед. Дар рушд ёфтани кор бароятон кумаки наздикон лозим меояд. Он чизеро, ки аз дӯстдоштаатон хоста будед, имрӯз иҷро мекунад. Барои бехатарии худ аз дасти одамони бегона чизе нахӯред.

Савр (21 апрел22 май)

Агар хоҳед, ки аз роҳбарият гап нашунавед, фориғболиро канор гузоред. Барои забон ёфтан бо рақибон ва имзои санадҳои муҳим рӯзи мувофиқ аст. Нимаи дувуми рӯз каме ташвишовар мешавад. Нисбат ба саломатиатон беаҳамиятӣ накунед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Имрӯз шуморо як қатор навгониҳо дар соҳаи тиҷорат интизор аст. Аввали рӯз вохӯрии муҳиме шуморо хушҳол мекунад. Ба овозаву гапҳои беасос гӯш накунед. Дар мавриди коре, ки бо чашми хеш надидаед, қазоват накунед. Саломатиатон давоми рӯз шуморо ташвиш намедиҳад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Аз таъриф ва хушгӯиҳои роҳбар болидаруҳ мегардед. Табъи хуш боиси рӯзи бомуваффақияти шумо мегардад. Нақшаҳои нави худро оид ба пешравии касбу кор пешниҳод кунед, фурсат мувофиқ аст. Дар ҷодаи муҳаббат низ имрӯз комёб хоҳед гашт.

Асад (23 июл23 август)

Аввали рӯз баъзе нофаҳмиҳо ба миён меоянд, ки дар ҳалли онҳо ба шумо танҳо шахсони наздикатон кумак карда метавонанд. Имрӯзро дар иҳотаи дӯстон гузаронидан хуб аст, аммо аз рафтан ба дискоклубҳо худдорӣ намоед. Дилдодаатонро бо туҳфа ва ё суханони ширин хушҳол намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Бештар вақт ва ҳушу ёди хешро ба кор равона кунед. Аз оғози шиносоии нав тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ худдорӣ намоед, вагарна ба оқибатҳои ногувор мерасонад. Эҳтиёткор бошед, зеро эҳтимоли гум кардани ҳамёнатон вуҷуд дорад. Барои оғози парҳез фурсати мувофиқ аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Нафароне, ки таҳти ин бурҷ қарор доранд, ягона мақсади зиндагӣ карданро дар тоза будани атрофи хеш меҳисобанд. Бештар асабӣ шудани мизонҳо аз ҳамин сабаб аст. Нафаре, ки шуморо дӯст медорад, наметавонад дар дилхоҳ вақти ба шумо мусоид ба мулоқот биёяд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзатон хуш мегузарад. Эҳтимол ғайричашмдошт ба нафаре ошиқ шавед. Дастгирии ишқи ояндаатон ба шумо роҳҳои навро мекушояд. Акнун каме бештар ба худ аҳамият диҳед, ба варзиши сабук машғул шавед, ороиши мӯй ва либоспӯшиатонро дигар кунед. Ин кор боиси хуб шудани саломатӣ ва ҳолати руҳиатон мегардад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ҳамеша банди корҳоятон чӣ гуна калон шудан ва аз шумо дур шудани фарзандонро намефаҳмед. Ҳоло ки дер нашудааст, бо онҳо меҳрубон бошед. Муҳаббати худро ба наздикон бештар намоед, то он ба шумо баргардад. Барои рафъи фишорбаландӣ бештар пиёдагардӣ кунед ва аз муноқишаҳо дур бошед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Кӯшиш кунед, ки корҳои муҳиматонро дар ин рӯз ба нақша нагиред. Агар таъдир кумак кунад, шояд вазифаи нав гиред. Аз он, ки зиёд ба машрубот дода шудаед, наздикону пайвандон нигаронанд. Шоми имрӯзро дар иҳотаи аҳли оила гузаронед, то хушҳол гарданд. Фаромӯш насозед, ки аз узрпурсӣ қадратон кам намешавад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Ҳангоми гузаштан аз роҳи мошин бояд нисбатан эҳтиёткор бошед, зеро хавфи ҷароҳат гирифтанатон мавҷуд аст. Рӯз барои сафар ва хариди калон номувофиқ аст. Ҳар хабареро, ки дар мавриди дӯстдоштаатон мешунавед, комилан таҳқиқ кунед ва танҳо пас аз тасдиқ ё рад шудани он амал кунед. Аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Бояд барои ба пуррагӣ ба анҷом расонидани кори оғозкардаатон имрӯз то дергоҳ дар корхона бимонед. Натиҷаи меҳнататонро ба зудӣ мебинед. Ҳарчанд аз кор хаста баргардед ҳам, бояд нисбат ба наздикон дағалрафторӣ накунед. Онҳо пазмони меҳрубониҳои шумоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *