Бохтар: Ятимон зери ғамхорӣ қарор доранд

Дар шаҳри Бохтар ба ятимони кул либоси зимистона ва туҳфаи солинавӣ доданд. Албатта, ин иқдом ғамхорӣ нисбат ба ин қишри ҷомеа мебошад.

Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар дар арафаи солинави мелодӣ ва дар доираи чорабинӣ бахшида ба 30 — солагии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба ятимони кул тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сару либоси зимистона ҳадя намуд.

Аз шаҳрдории Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки дастгирии ятимон ва оилаҳои ниёзманд яке аз хислатҳои инсондӯстона ва дустуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар мебошад.

Ҳамчунин дар ин рӯз, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бинои иловагӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар бинои навбунёд, ки бо тарҳи муосир сохта шудааст, кормандони шуъбаи рушди иҷтимои, маҳаллаҳо ва кумитаи идораи замин фаъолият мекунанд. Пеш аз ифтитоҳи бинои иловагӣ, кормандони шуъбаҳои мавриди назар дар таҳхона фаъолият мекарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *