Бориши барф дар рӯзҳои оянда. Сардӣ аз Русия меояд (аудио)
Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои 10-14-уми январи соли 2023 бар асари ворид гардидани ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Русия дар қисмати бештари кишвари мо низ ҳаво сард мешавад ва барфи шадид меборад.
Рӯзҳои 11-14-уми январ дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикуҳии ҷумҳурӣ дамои ҳаво шабона 8-13 то 14-19 сард ва рӯзона аз 2-7 то 7-12 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои куҳӣ шабона ҳарорати ҳаво аз 11-16 то 19-24 дараҷа коҳиш ёфта, дамои рӯона аз 5-10 то 12-17 дараҷа хоҳад буд.
Рӯзҳои 14-16-уми январ дамои ҳаво дар ноҳияҳои куҳӣ коҳиш меёбад ва то ба 32-37 дараҷа сард мешавад. Дар Булункули ноҳияи Мурғоб бошад, ҳаво то -50 дараҷа сард хоҳад шуд.
10-уми январ ва шаби 11-уми январ дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҳамчунин дар ағбаҳо барфи пуршиддат меборад, дар роҳҳои мошингард хатари яхбандӣ вуҷуд дорад. Рӯзҳои 10-11-уми январ дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғд ва Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шамол бо суръати 17-22 метр дар як сония мевазад.
Рӯзҳои 10-12-уми январ ҳавошиносон лағзиши тармаро дар қисматҳои ҷанубӣ ва шимолии қаторкуҳҳои Ҳисор, ноҳияҳои куҳии тобеи ҷумҳурӣ, ҳамчунин ноҳияҳои ғарбии ВМКБ пешбинӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ