Боздиди Сарвазир аз корхонаҳои шаҳри Кӯлоб

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб бо фаъолияти як қатор корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ шинос гардид.

Нахуст, Сарвазир аз ҳолати фаъолияти ҶСК «Кӯлобтаҷҳизот», ҶДММ «Ваҳдат текстайл», ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» дидан намуда, ба роҳбарон ва масъулин супориш дод, ки камбудиҳои мавҷударо бартараф намуда, иқтидорҳои истеҳсолиро пурра истифода баранд ва сифати маҳсулотро беҳтар созанд. Қайд гардид, ки эҳёи фаъолияти ин корхонаҳо барои рушди саноати минтақа аҳамияти калон дорад.

Ҳамчунин, Сарвазир бо рафти сохтмони корхонаи истеҳсоли хӯроки паранда, ки аз ҷониби соҳибкор Холмуҳаммад Одинаев бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ бунёд мешавад, шинос шуд.

Иқтидори корхона 20 тонна коркард дар як шабонарӯз аст.

Дар деҳаи Корези деҳоти Зиракӣ Сарвазир бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб шинос гардид.

Ҳамзамон, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Ёхсӯ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Инчунин,  Сарвазир аз Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» боздид намуд. Айни ҳол дар минтақа 10 корхона фаъолият мекунанд, аз ҷумла:

  • ҶДММ «Тоҷик Алмос»
  • ҶДММ «Кӯлоб Агросаноат»
  • ҶДММ «Кӯлоб Пласт»
  • ҶДММ «Растанӣ Инно»
  • ҶДММ «Сомон Трейд»
  • ҶДММ «Саноат Сино»
  • ҶДММ «Тоҷик Агро Био Фид»
  • ҶДММ «Тоҷ Чайна байналмилал»
  • ҶДММ «Зафар Текстил»
  • ҶДММ «Фарм Кӯлоб»

Дар корхонаи «Кӯлоб Агросаноат» корҳои сохтмонӣ барои истеҳсоли равған, набот ва коркарди намаки ошӣ идома доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *