Боздиди Завқӣ Завқизода аз минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин аз минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дидан намуд.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, зимни боздид аз минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” аз ҷониби Завқизода З. А. ба масъулин ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, рушди инфрасохтори минтақа ва ба ин васила зиёд намудани таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дар ҳаҷми 61 млн сомонӣ сармоягузорӣ карда шуда, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3 маротиба зиёд мебошад.

Ҳамзамон, аз оғози фаъолият дар минтақа 431 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, 59-тои он дар 6 моҳи соли 2022 таъсис дода шудааст.

— Маҳсулоти металоконструксияи корхонаи минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дар иншооти муҳими давлатӣ, аз ҷумла дар манораи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, бинои баландошёнаи Хадамоти алоқа ва сохтмони кӯпрукҳо истифода шудаанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *