Боздошти набераозор дар Хатлон
Шоми 16 ноябри соли 2024 дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он раво дидани муносибати дағалона, мавриди азобу шиканҷа қарор додан ва латукӯби бераҳмонаи кӯдакони хурдсол аз ҷониби як зан инъикос ёфтааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати муайян намудани ашхоси дар навор инъикосгардида аз ҷониби кормандони милитсияи Хатлон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, зани дар навор инъикосёфта дастгир ва ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дастрас карда шуд.
Муайян гардидид, ки ин нафар шаҳрванд Ҷонмирзоева Ойнагул Мусурмонҷуловна, соли тавалудаш 1970, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ мебошад.
Таҳқиқи ҳодиса нишон дод, ки ҷабрдидагон- кӯдакони ноболиғ набераҳояш буда, ҷиҳати муайян намудани сабаби ба ин кирдори ғайриқонунӣ даст задани дастгиршуда санҷиш идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ