Боздошти ронандаи фирорӣ пас аз пахши кӯдаки хурдсол

Ронандаи “Опел” кӯдаки хурдсолро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, 12-уми апрел, дар маҳаллаи Дарвози ноҳияи Фирдавсӣ садамаи марговари нақлиётӣ рух дод.

Эгамбердӣ Рузимов, ронандаи нақлиёти тамғаи “Опел”, ҳангоми  идораи нақлиёт дар кӯчаи мазкур бехатарии ҳаракатро таъмин накарда, кӯдаки хурдсол Давлатова Р.,-ро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Мақомот мегӯяд, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳоло ронанда боздошт гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *