Боздошти се фаъоли сиёсӣ дар Қирғизистон
Дар Қирғизистон се нафар аз фаъолони сиёсӣ, ки барои даъват ҷиҳати баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боздошт шуданд.
Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, боздоштшудаҳо Бекболот Талгарбеков, ҳамоҳангсози «Парлумони халқӣ» ва роҳбари собиқи дастгоҳи сарвазир, Эмилбек Узакбаев, сафири собиқи Қирғизистон дар Ӯзбекистон ва Курманбек Дыйканбаев, намояндаи собиқи ваколатдори президент дар Жогорку Кенеш (парлумон) мебошанд.
Мақомот онҳоро дар асоси моддаи 278 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон – «бетартибиҳои оммавӣ» муттаҳам мекунанд.
Гуфта мешавад, дар доираи ин парванда 75 нафар аз имзогузорони муроҷиатнома ба Хадамоти тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ даъват шудаанд. Пас аз бозпурсӣ, се нафар боздошт гардида, дигарон озод шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 9 феврали соли равон як гурӯҳи сиёсӣ бо ирсоли муроҷиатнома ба унвони президенти Қирғизистон ва парлумони кишвар хостори баргузории фаврии интихоботи президентӣ шуд. Муаллифони муроҷиатнома бар ин назаранд, ки пас аз қабули Конститутсияи нав дар соли 2021 вобаста ба муҳлати ваколати президенти амалкунанда, ки тибқи қонунҳои пешин интихоб шудааст, номуайянии ҳуқуқӣ ба миён омадааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ