Бунёди беш аз 60 иншооти гуногуни варзишӣ дар Хатлон
Давоми соли 2025 дар вилояти Хатлон 61 иншооти гуногуни варзишӣ сохта шудааст. Ин нукта имрӯз, 2 феврали соли равон, дар нишасти хабарии Раёсати ҷавонон ва варзиш зикр гардид.
Рамазон Насриддинзода сардори ниҳоди мавриди назар афзуд, ки соли 2025 – ум 43 майдони хурди футбол бунёд гардид, ки барои рушди варзиши рақами як дар деҳот мусоидат мекунад. Ҳамчунин ӯ гуфт, ки 13 толори варзишӣ, 2 варзишгоҳи калон ва 3 маҷмааи варзишӣ ҳам бунёд шудааст.
“Варзишгарони вилояти Хатлон аз иштирок дар 162 мусобиқа ва чемпионати ҷумҳуриявӣ ва 35 мусобиқаи байналмилалӣ 1 ҳазору 264 медали тилло, 1 ҳазору 115 нуқра ва 1 ҳазору 327 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дастоварди варзишгарони вилояти Хатлон дар соли 2025 нисбат ба соли гузашта ба таври назаррас бештар шудааст”, – таъкид кард вай.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ