Бунёди бинои баландтарин дар Душанбе

Як ширкати хусусӣ дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, биноеро дар Душанбе бунёд кунад, ки баландтарин дар шаҳр мешавад. Ҳоло баландтарин бинои пойтахт “Душанбе плаза” аст, ки 20 табақа ва 92 метр баландӣ дорад.

Зайд Саидов, молики ширкате, ки ин биноро сохт, бо гуноҳи тақаллуби молӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудааст, ҳарчанд худаш ин иддаоҳоро рад кардааст.

Фармоишгари тарҳи “Гунбади Ёқут” ширкати “Ёқут-2000” аст, ки корхонаи дӯзандагӣ, тарабхона ва корхонаи истеҳсоли семент дар Ваҳдатро дар ихтиёр дорад.

Тарҳи бинои “Гунбади Ёқут” -ро ширкати меъмории “Harmony art” аз шаҳри Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ офаридааст. Қарор аст, бино дар ҷойи бозори “Шоҳмансур” дар яке аз гӯшаҳои марзказии Душанбе сохта шавад.

Ширкат барои сохтмон иҷозати мақомотро дарёфт кардааст. Мақомоти ширкат нагуфтаанд, ки сохтмон кай шуруъ мешавад ва чанд сол идома мекунад.

Абдулғанӣ ал– Саид як масъули ширкати тарроҳии “Harmony art” гуфтааст: “Ду қабати авввали бино барои идораву утоқҳои тиҷоратӣ пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи аввал ҳамчунин шифохона ва боғчаи кӯдакон ҷойгир мешавад. 24 ошёнаи боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҳастанд.”

Ба гуфтаи тарроҳон, дар таҳияи тарҳи “Гунбади Ёқут” аз лоиҳаи маъруфе мисли “Dubai gate” ва иморатҳое мушобеҳ ба он илҳом гирифтаанд. Шаҳри Душанбе дар чанд соли охир симои худро хеле дигар кард. Асосан дар канори ду хиёбони асосии шаҳр Рӯдакӣ ва Айнӣ биноҳои баландошиёна қомат афрохтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *