Бузургтарин бохти одамизод. Дар суҳбати Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона
Зиёд фикр кардам, ки бахшида ба мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона чӣ нависам? Ҳар қадар андеша кардам, беҳтар аз ҳарфҳои худи шоир чизе ба зеҳнам наомад. Бинобар ин, шуморо ҳам ба суҳбати устод Фарзона мехонам. Ин суҳбат гуногунмавзуъ аст, вале бовар дорам, ки шуморо ба андеша кардан водор мекунад…
Муҳити хонавода
Модарам — Бароҳат Ҳоҷибоева муҳаққиқи забон ва адабиёти рус буданд ва бо хости Худованд ва муқтазои тундиҳои иҷтимоъ дар ятимхонаҳои Украина ва Мардовия бузург шуданд. Вақте ба Хуҷанд баргаштанд, наметавонистанд ба осонӣ ва саҳлу сабук ба забони тоҷикӣ ҳарф зананд, андешаҳояшон ҳам ба русӣ буд. Гарчанде наметавонистанд забономӯз бошанд, вале андешаомӯз буданд. Дарё-дарё шеъри шуарои рус ва ҷаҳонро медонистанд, аз ҷумла аз Пушкин, Есенин, Тютчев, Фет, Маяковский… Насри Чехов Достоевский, Тургенов ва дигар бузургони оламро мехонданд. Вале модарбузургамон шеъри Саъдӣ ва рубоиёти Хаёмро медонистанд ва аз Ҳаким Саноиву Аттор пораҳо мехонданду тафсир мекарданд. Падарам дилбастаи шеъру мусиқӣ буданд ва ҳамеша ҳолу ҳавои романтикӣ доштанд, гарчанде ки пайванд бо иҷтимоъ ва ҷомеа доштанду устоди фалсафа ва ҷомеашиносӣ буданд.
Хоҳаронам, яке аз ман 6 ва дигаре 9 сол бузургтаранд. Вақте инҳо 12 ё 15-сола буданд, шуруъ карданд ба рӯзноманависӣ ва мани 6-7-сола ҳамроҳи инҳо ва дар тақлид ба инҳо аз ҳамон замон ёддошт дорам ва ин ҳам мадад кард барои андеша кардан, ёрои андеша доштан ва ёрои ифшо кардан ва рӯзе шуд, ки ин навиштаҳо инсонҳои пазиранда ёфтанд.
Сарнавишти дороии аҷдодӣ
Модаркалонамон ба зару зевар ва ҷавоҳиру гавҳар беэътибор буданд ва ҳатто агуштареро барои андоза гирифтан ба ангушташон роҳ намедоданд. Чун сабаб мепурсидем, ҷавоб намедоданд. Вале баъдан ошкор шуд, ки дар фасли арӯсиашон ба модаркалон бобояшон сандуқчаи зеварро ҳадя мекунанд. Ва ҳамеша бибии азиз ба фарзандон мегуфтаанд, ки ман ин гӯшвори зеборо ба ту медиҳам, ин гарданбанди мурассаъро ба ту ва орзуҳои наҷиберо мепавариданд.
Бобоямон Абдураҳим Ҳоҷибоев, ки раиси Шӯрои нозирони ҷумҳурӣ буданд, мегуфтанд, ки ту ин сандуқчаи зеваратро ба як сӯ гузор, ман барои фарзандонам 10 ҳазор адад китоб ҷамъ овардаам, ки агар Худо насиб кунад, онҳоро ба мерос мегузорам.
Аммо насиб набудааст, на он сандуқчаи зебои бобоиву аҷдодӣ ба фарзандон расид, на он ҳама кутуб. Хушбахтона, як қисми бузурги он китобҳо ба Китобхонаи миллии ба номи Ҳаким Фирдавсӣ интиқол ёфт. Чун рӯзгори репресиё ва таъқиботи сталинӣ шуруъ шуд, он ҳама мол ва он ҳама кутуб мусодира гардид.
Ва модаркалон ҳамеша таъкид мекарданд, ки шумо гавҳаре андӯзед, моле афрӯзед ва ҷамъ оваред, ки ғосибе набарад, ягон нафар онро мусодира накунад, яъне гавҳари маърифат андӯзед, дониш ҷамъ оваред.
Нахустустод
Нахустустоди ман ва бузургтарин устоди ҳидоятгару башоратовари ман устод Лоиқ Шералӣ ҳастанд, ки дар ҳамин ҳуруфи каммояи мо кадом як ҷазаботи ниҳониро кашф карданд. Ин ҷазаботро то ҳанӯз ман намебинам дар ин ашъор, аммо устод дасти дуо бардоштанд ва муқаддимаи пурлутф барои аввалин дафтари ашъори мо навиштанд…
Шеър чист?
Шеър аз назари ман қосидест, ки маро бо Офаридагорам пайванд медиҳад. Ҳама кас василаеро мекобад, воситаеро ҷустуҷӯ мекунад, барои он ки бо қиблаву меҳроби худаш муколама дошта бошад ва бо худи худаш, бо он оинае, ки пешорӯяш қарор дорад.
Ва шеър ҳамон даричаи зебост, ҳамон равзанаи бозест, ки маро ба сӯйи уфуҳқои нуронӣ мехонад, ба он сӯйе, ки саодат, ишқ, меҳрубонӣ, ҷазабот ва наҷобат ва ҳар чизи хубе, ки ин дунё ва ин башар ҳанӯз ҳифз кардааст, ба ман салом гӯяд…
Яъне шеър салом бар алайки ман аст ва ё алайке бар саломи ман аст!
Баҳои мунаққидон
Муҳаққиқон, ки дар бораи шеъри ман навиштаанд, ду гурӯҳанд: Як қисматашон мегӯянд, ки Фарзона касест, ки шеъраш бо мову шумо, бо ҷаҳони имрӯз ва бо ҳамин фазо муртабит аст; қисми дигар хаёл мекунанд, ки ин сурудаҳо ҳолу ҳавои шеъри классикиро дорад ва камрӯҳ асту ҷон надорад, мурда асту қадимӣ аст.
Дар ҳоле, ки вақте Шайх Саъдӣ мегӯяд:
Гуфта будам, чу биёӣ, ғами дил бо ту бигӯям,
Чӣ бигӯям, ғамам аз дил биравад, чун ту биёӣ.
Магар мешавад ин шеърро бигӯем, ки қадимӣ асту ҷон надорад? Имрӯзитарин шоир аст Саъдӣ, ки дарди мову шуморо мегӯяд.
Аз ин рӯ ташхисгари шеър бигзор ҳамон муҳаққиқон бошанд ва ё вақт бошад. Барои худи ман, моҳият надорад, ҳар чӣ бигӯянд, ё мепазирам ё даст меафшонам…
Ҷавҳари шеър
Дар шеър андеша муҳим аст. Зеварҳое, ки мо месозем, перояву орояҳое, ки мо меофарем, василаи кумакрасон аст. Мисле он ки як инсон назди машшота меравад, то ки худро андак зеботар кунад, аммо ҷавҳараш ҳамон аст, ки буд. Ҷавҳар ҳамон андеша аст. Шеър ҳам василаи иброз доштан, василаи паёмрасон аст…
Рутбаи Одам
Ман баъд аз он ки андак зистам ва андак омӯхтам, дарёфтам, ки баландтар аз тамоми мартабаву мақомҳо мақому мартаба ва рутбаи инсонист:
Арзандатар зи рутбаи Одам мақом нест,
Шоистаӣ ба ин насаби ифтихорият.
Ва хаёл мекунам, ки ҳамон қуллаи бузурге, ки пешорӯйи мову шумо, пешорӯйи ҳар инсони офаринанда ва ҳар иносни ҳунарвар ва ҳатто инсонҳои одиву маъмулӣ қарор дорад, қуллаи бузурги инсонист. Яъне комил шудан, такмил ёфтан, вуҷуди таҳрирхоҳи худро тоза ба тоза ислоҳ кардан, ба гузаштаи худ нигаристан ва иштибоҳҳои худро дарёфтан ва ба оянда ба кулбори тоза рафтан, раҳораҳ инсонтар, зеботар ва аз дарун рӯшантар шудан.
Ҳазорсола роҳ то ба ҳадди инсонӣ
Мавлоно мегӯяд:
Ҳазорсола роҳ аст аз ту то мусалмонӣ,
Ҳазор соли дигар, то ба ҳадди инсонӣ.
Яъне ҳадди шоирӣ ҳаргиз наметавонад аз ҳадди инсонӣ боло бошад. Агар ба худи Мавлоно рутбаи шоир диҳем, мартабаҳои баланди инсони суханвар, олим, зуфунун ва ғайра бидиҳем… Чӣ қадр ин рутбаҳо ҳақир ҳастанд ва мақому манзалатҳо залиланд, дар баробари шукуҳи бузурги Мавлоно, ки тасхирношуданист.
Пушкин мегуфт, ки фақат ҳамон лаҳзае, ки шеър мегӯям, шоир ҳастам, дигар як одами маъмулиам. Есенин дар як шеъраш ба Марями Муқаддас нома менависад ва хоҳиш мекунад, ки барои саломатии инсонҳо Масеҳ офарад. Баъди нашри ин шеър як мухлисаш меояд ва суол мекунад: “Шумо кадом Есенин ҳастед? Ҳамоне ки офариниши Масеҳро аз Марями Қудсӣ хоҳиш мекунад ё ҳамоне ки ба Иттифоқи нависандагон мактуб менависед, то ба шумо санаде диҳанд, ки аз пардохти андозҳо халос шавед?”. Есенин посух медиҳад, ки нависандаи номаи аввал болотар аз ман ва нависандаи номаи дуюм поёнтар аз ман аст, худи ман дар васат қарор дорам…
Бузургтарин бохти одамизод
Мутафаккире мегӯяд, ки инсон се марҳаларо сипарӣ мекунад: Марҳалаи милод, ки ҳеҷ касе аз бани башар дар ёд надорад, ки чӣ тавр зода шуд. Воқеан, лаҳзаи мелодашро касе намедонад. Марҳалаи марг — баъд аз он, ки шуур, фитрат, андеша ва ҳар эҳсосе, ки дар вуҷуди инсон дар зиндагӣ боқист, хомӯш мешавад, ҳофизаҳо кӯр мешаванд. Яъне марҳалаи марг ҳам дар ёди касе нест. Ва дар ин миёна зиндагӣ мемонад, ки мутаассифона тариқи зистанро низ инсон фаромӯш мекунад.
Бузургтарин иштибоҳ, бузургтарин бохти одамизод он аст, ки наметавонад зиндагӣ кунад, яъне сабки зиндагиро, сабки дурусти зистанро, хаёл мекунам, ки ҳеҷ нафаре, на бузургону на хурдон, на ҳақирону на кабирон он сон ки бояд, намедонанд.
Он корҳои ҳунарие, ки мо мекунем ва тамоми он нафарони неруманд бо азаммати бузурги рӯҳонӣ, бо ибтикору ифтитоҳҳое, ки мекунанд, барои боз кардан ва шинохтани зиндагист. Ва мутаассифона боз ҳам он ношинохта мемонад. Баъзан фикр мекунам, ки тариқати зиндагиро шояд Мавлоно донад, шояд паёмбарон донанд, шояд Паёмбари охирини мо донанд, вале мутаасифона, мо намедонем ва ҳамаи корҳое ки мо мекунем, кӯшишест барои донистан.
Мегӯянд, ки шинохтан ва донистан низ ба суди инсонҳо нест.
Тариқи зистани бехато намедонам,
Чунин тариқати зебо чаро намедонам.
Мутаассифона, мо қадам ба қадам иштибоҳҳои худро такрор мекунем, рӯзҳо, лаҳазот ва сонияҳоро такрор мекунем, бехабар аз он ки дар кулбори мо аз ин сонияҳову дақиқаҳо камтар мондаанд…
Бардошт аз зиндагии сӯзанак
Дар рӯзгори навҷавонӣ ҳодии иршодамон устод Абдулманнони Насриддин моро бо аҳли хонавода ба сайри шолизор бурданд. Ва он ҷо ҳазорон ҳазор гулпаракҳо, яъне сӯзанакҳо парвоз мекарданд. Ман рақси гулпаракҳоро тамошо мекардам ва шеъри устод Бозор Собир дар хотирам рӯшан шуд:
Қишлоқаки ман ки тозаву тар бошад,
Ҳар сӯзанакаш сӯзани модар бошад…
Ва ҳамон вақт фикр кардам, ки оё мо — инсонҳо ба ҳадди як сӯзанак, ба ҳадди як гулпарак метавонем ба дили мардум ништи маъсум ҳадя кунем?!
Олимон ҳисоб кардаанд, ки барои зиндагии ҳар инсон 200 дарахт сарф мешавад: барои гаҳворааш, барои тобуташ, хонаву дару тиреза, мизу курсиаш, ҳатто барои китобу рӯзномае, ки мехонад. Дар посух ба ин мо дар ҳаёти худ чанд дарахт мешинонем?
Бо ҳамин пайванд мехоҳам зикр кунам, ки инсон бояд дар гармонияи зебо дар пайванди мунаввар, мусалсал мураттаб ва мавзун бо тамоми мавҷудот, бо нобот бо ҷонварон, бо ҷамод ва бо худи инсон зиндагӣ кунад ва фарҳанги ҳамзистиро бо ин ҳама биёмӯзад, зеро ҳамон як гулпараки хурд бе баҳра аз нури илоҳӣ нест, як сӯзанак мазҳари эъҷози худовандист. Як сӯзанак ибтидои зебоии Худованд аст, ки метавонад ба наҷоти мо расад, нияти бадро дар вуҷуди мо маҳв созад, зебоиро таваллуд кунад ва моро инсонтар созад.
Чаро аз банда ҳоҷатхоҳ будан…
Анна Ахматова — бузургтарин шоири рус дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бисёр дар вазъи душвор қарор дошт. Ба Тошканд омада буд ва дар манзилаш на сӯзишворӣ дошт, на хӯрданӣ. Дӯстон ба ӯ маслиҳат медиҳанд, ки ба ину он ташкилоту созмонҳо нома навис, аз дӯстон ҳезум ва хӯрданӣ хоҳиш кун. Аммо Ахматова ҷавоб медиҳад, ки ҳаргиз ба касе ҳоҷат ва ниёз намебарам.
Чаро аз банда ҳоҷатхоҳ будан,
Чунин ҷӯёи ноогоҳ будан.
Ба сад даргоҳ сар хастан ба зиллат,
Вале ғофил зи як даргоҳ будан.
Ман беҳтараш ба як дашти кушод меравам ва дароз кашида мегӯям, ки эй Худоҷон, агар фурсаташ фаро расидааст, ҷонамро гир ва агар не, барои ман ризқ фирист.
Ҳамин ҳарфро ба забон овард, ки дарашро мекӯбанд ва ба ӯ хабарнома меоранд, ки дар фалон маҷалла шеърҳоят чоп шудаасту пулашро рафта гир. Меравад ба шуъбаи алоқа, пулро мегирад ва раҳораҳ фикр мекунад, ки бо ин пул орд мехарам, биринҷу равған мехарам…, ки нафаре дар роҳ ӯро медорад ва мегӯяд: “Хоҳари азиз, ман чандин сол сардори як корхонаи бузурги Челябинск будам. Баъдан солҳо дар ҳабс будам. Ҳамин ҳоло раҳо шудам, хоҳиш мекунам, ки ба ман андак кумак кунед, ки ба Ватан баргардам…”. Ва Ахматова тамоми пулашро ба ӯ мебахшад…
Вақте Ахматова ба хона бармегардад, нафаре аз ихлосмандонаш ба дидораш омада буд ва ба ӯ орд, биринҷ ва равған оварда буд…
Ҳаргиз помол нашудан
Барои як зан муҳим аст, ки сарафрозӣ ва иззату шараферо, ки Худованд барояш насиб кардааст, ҳифз кунад. Яъне ҳаргиз залил набудан, ҳаргиз дар мақоми уфтодагӣ қарор нигирифтан, ҳаргиз помол нашудан ва иҷозат надодан, ки дигарҳо бо тамасхур ба ту нигоҳ кунанд ва вуҷуди туро фаръӣ донанд. Дар баробари ин вуҷуди мардро хеле бузург ва муқаддам донистан…
Ҳама кас бояд дар ҷойи худаш бошад. Масалан, дар рӯзгори ҳазрати Ҷомӣ зане зиндагӣ мекард, ки шеър менавишт. Ҳазрати Ҷомӣ мадраса бино мекарданд, ӯ ҳам бино мекард, масҷид месохтанд, ӯ ҳам месохт, китобхона бунёд мекарданд, ӯ ҳам мекард, аммо Ҷомӣ нашуд. Ва натанҳо Ҷомӣ нашуд, балки натавонист ба мартабаи мардонагӣ бирасад. Чаро? Зеро ҳар кас бояд кореро кунад, ки ба дӯши ӯ ва ба тааҳуди ӯ аз осмонҳо омадааст, “ҳар киро аз баҳри коре сохтанд” ва набояд, ки дар пайравӣ ва тақлид корҳоеро кунад, ки шоистаи ӯ нест.
Бадӣ худашро маҳв мекунад…
Дар солҳои таъқиботи сталинӣ нафаре бо унвони “душмани халқ” дар кӯча мегашт. Нафаре ӯро мебинад ва мегӯяд “аҷаб, шумо душманони халқ ҳанӯз ҳам зиндаед?”. Ва ин посух медиҳад: “Агар хост хости ту буд, кайҳо мурда будем, вале азбаски хост хости Худованд аст, мо зиндаем”.
Баъзан фикр мекунем, ки чаро 42 бор ба ҷони Гитлер сӯйиқасд шуд ва Худованд ӯро зинда нигоҳ дошт? Шояд ҳикматаш ин аст, ки Эзиди ҷаҳондор мехост мову шумо онро фаҳмем, ки бадӣ худаш худашро маҳв мекунад, бинобар ин, Гитлер худкушӣ кард.
Аммо некӣ хосияте дорад, ки тоза ба тоза зинда шавад…
Вазифаи бузурги шеър
Мегӯянд, асри ХХI асри ҷаҳонишавӣ, асри иттилоот, асри пешрафти техналогия аст ва ниёзе ба шеър нест. Агар ба ин ҳуруф бовар кунем, дигар бояд диламон истеъфо диҳад аз дил будан, аз тапиш таътил кунад ва ба рухсатӣ биравад, дигар ба худ иҷоза надиҳем, ки ҳарфе мавзун кунем ва нигоҳ кунем ба дунё, яъне ки барои нигоҳи шоирона, барои ҳастӣ, барои сухане мавзун кардан, барои дӯст доштан, барои танаффус кардан ва нафас кашидан ҳуқуқ надорем.
Хушбахтона, банда дар Аврпуо ҳам будам ва дар он ҷо ҳам ҳанӯз инсонҳои ошиқу шефтаву ҷонсӯхтаву ташнаву иштиёқманд ҳастанд, ки бо хаёли шеър дилашон метапад. Онҳо фикр мекунанд, ки шеър ва сухани мавзун агар андешаи олӣ ва ормони бузургро дар дохилаш нуҳуфта ва пазируфта бошад, метавонад барои инсонтар шудани инсонҳо, барои наҷибтар шудани андешаҳо, барои суди фитрат ва фикрати инсонҳо кумак кунад, яъне дар дӯши шеър, ҳатто дар Аврупо ҳам ҳанӯз вазоиф, рисолат ва тааҳуди хеле бузург ҳаст.
Ба қосиди фардо
Хаёл мекунам, ки мардуми мо, ҳатто одамони маъмулӣ наметавонанд бидуни шеър нафас бикашанд. Мардуми Ғарб метавонанд, вале мардуми Шарқ, хоса миллати тоҷик ҳанӯз наметавонад бидуни шеър зиндагӣ кунад, шеър барояш қути ҷон аст, шеър барояш ғизои ҳамарӯзист, мояву ҷонмояи муҳаббатҳост, ҳарфҳои дилашро, дардҳояшро, сӯгҳои ҷонашро, сурҳои равонашро наметавонад бидуни шеър ва сухани мавзун баён кунад.
Дуруд, эй қосиди фардо, шабат хуш боду рӯзат хуш,
Навиншоиву ноифшо, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Видоъ, эй рафтаи ширин, шабат хуш боду рӯзат хуш,
Дуруд ояндаи зебо, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Чӣ мерақсӣ даруни хонақоҳи сина рӯзу шаб,
Дил, эй дил, солики танҳо, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Агарчӣ зери дасти туст, натвонӣ чашид охир
Аз ин қанду аз он ҳалво, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Чӣ гулгардон, чӣ атрафшон, чӣ ҷоноҷон муҳаббат рафт,
Ба ёдаш низ салламно, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Ало, инсон, дари баста, ба рӯи худ, барои худ,
Ту кай во мешавӣ, кай во, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Муҳаббатномаҳои ман ба унвони Банӣ Одам
Дар он боло бишуд имзо, шабат хуш боду рӯзат хуш.
Таснифи Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ