Чаро астма дар баҳор хурӯҷ мекунад?

Шахсоне, ки ба бемории астма гирифторанд, дар фасли баҳор бештар азоб мекашанд. Дар ин айём махсусан маризоне, ки астмаи шакли атопикӣ ва аллергӣ доранд, ҳолашон хеле бад мешавад.

Гул кардани дарахтон ва чангу ғубори зиёд боиси душвор шудани нафаскашии чунин беморон гашта, дар баъзе ҳолатҳо варам ба мушоҳида мерасад.

Чӣ бояд кард?

Бемории астмаро мустақилона табобат намудан имкон надорад. Роҳи беҳтарини пешгирии хурӯҷи касалӣ он аст, ки бо пайдо шудани нишонаҳои нахустини ин беморӣ мариз ба табибон муроҷиат намояд. Табиб ташхисҳои заруриро гузаронида, маҳз ба кадом навъи астма гирифтор будани шуморо аниқ мекунад.

Беморӣ ба аллергия ягон алоқамандӣ дошта бошад, машварати табиби аллерологро низ гирифтан лозим аст. Фаромӯш накунед, ки дар фасли баҳор шахсони ба астма гирифтор бояд ҳамеша зери назорати духтур қарор дошта бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *