Амонатбонк чаро кортҳоро аз нав ба қайд мегирад? Шарҳи мутахассиси бонк

Амонатбонк бо мақсади таъмини шаффофият ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии амалиёти молиявӣ айнияткунонӣ ва азнавбаҳисобгирии дорандагони кортҳои пардохтии худро оғоз намудааст.

Дар ин бора Нодира Ҳамзаева, сардори шуъбаи рушди ҳамкориҳо ва ҷамъбасти ҳисоботҳои департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкии Раёсати “Амонатбонк” дар суҳбат бо Pressa.tj иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин раванд вобаста ба шумораи мизоҷон то семоҳаи аввали соли ҷорӣ идома ёфта, дар ҳолати зарурат метавонад барои муҳлатҳои минбаъда тамдид гардад.

Нодира Ҳамзаева

“Айнияткунонӣ ва азнавбаҳисобгирӣ тавассути барномаи мобилии махсус дар 75 филиал ва 547 маркази хизматрасонии бонкӣ амалӣ мешавад. Мизоҷон новобаста аз он ки корти худро аз кадом филиал гирифтаанд ва дар кадом минтақа қарор доранд, метавонанд ба дилхоҳ филиал ё маркази хизматрасонӣ муроҷиат намоянд”,-гуфт Нодира Ҳамзаева.

Тартиби азнавбаҳисобгирӣ чунин аст. Кормандони филиал аз мизоҷ шиноснома ва корти бонкиро талаб намуда, маълумоти корт ва рақами телефони мобилиро ба замима ворид мекунанд. Ҳамчунин, акси корт, шиноснома ва селфии мизоҷ бо шиноснома гирифта мешавад.

Дорандагони кортҳо аз ҷониби кормандони филиалҳо, инчунин тавассути паёмакҳои SMS ва PUSH-хабарҳо огоҳ карда мешаванд. Дар сурати нагузаштани айнияткунонӣ дар муҳлати муқарраршуда, бонк паёмакҳои хотиррасонкунанда ирсол менамояд. Агар мизоҷ пас аз 30 рӯзи огоҳӣ ба филиал муроҷиат накунад, истифодаи корти пардохтӣ то анҷоми расмиёти зарурӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Гуфта мешавад, дар ҳолатҳои алоҳида, аз ҷумла барои шахсони имконияташон маҳдуд ё онҳое, ки имкони ба филиал омаданро надоранд, бонк роҳҳои дастрас ва мусоидро барои гузаронидани азнавбаҳисобгирӣ фароҳам меорад.

Ба таъкиди масъулин, айнияткунонӣ ва азнавбаҳисобгирӣ яке аз чораҳои муҳим барои ҳифзи воситаҳои электронии пардохтӣ ва маблағҳои мизоҷон буда, ба коҳиши хавфҳои қаллобӣ ва таъмини шаффофияти амалиётҳо мусоидат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *