Чаро Прокурори генералии Русия нигарон аст?

Прокуратураи генералии Русия бо дархости террористӣ эътироф шудани ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ба додгоҳ муроҷиат намудааст. Дар ин бора Игор Краснов, Прокурори генералии Русия зимни сафараш ба Тоҷикистон хабар дод.

Дархост фиристода шуд. ҲНИТ террорстӣ мешавад

Игор Краснов зимни сафари хеш ба Душнбе хабар дод, ки барои ворид кардани номи ҲНИТ ба рӯйхати гуруҳҳои террористӣ ва фаъолияташон мамнуъ дар қаламрави Русия ба Додгоҳи олӣ муроҷиат кардааст. “Нисбат ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мо аллакай ба додгоҳ даъвои дахлдор фиристодем”,- гуфт номбурда.

Ба гуфтаи Прокурори генералии Русия, масъалаи террористӣ эътироф кардани бархе аз созмону ҳаракатҳо бо дархости ҷониби Душанбе сурат гирифтааст.

«Ҳамтоямро дар мавриди баррасии дархостҳояш барои дар Русия террористӣ эътироф кардани бархе созмонҳо огоҳ хоҳам кард. Аллакай чунин дархост аз ҷониби мо дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон* ба додгоҳ фиристода шуд»,- изҳор доштааст Краснов.

Вай изҳори боварӣ намудааст, ки бо ҳамкории созанда ба муборизаи босамар алайҳи таҳдидҳо даст хоҳанд ёфт.

Мавриди зикр аст, ки фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон аз соли 2015 манъ аст.

Президенту прокурор чӣ гуфтанд?

Ёдовар мешавем, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Русия Игор Красновро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада буд, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният ва ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар чорчӯбаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардидаанд. Дар ин зимн мавзуҳои таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳама гуна зуҳуроти ҷиноятӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштааст. Ба ин манзур муҳимияти таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, кибер-ҷиноятҳо ва дигар намудҳои ҷинояткории махсусан вазнин таъкид карда шудааст.

Ҳамзамон бо ин, ҷонибҳо масъалаҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои таҳмили идеологияи тундгароии динӣ ба ҷомеа, ҳамчунин гуруҳҳои «хуфта»-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намудаанд.

Нигаронии Краснов

Прокурори генералии Русия Игор Краснов аз иштироки шаҳрвандони бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷанг бо Украина изҳори нигаронӣ кард.

— Рӯзи 26-уми июл зимни мулоқот бо Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар Душанбе ӯ ҷалби сарбозони кироя ва паҳнкунии аслиҳа дар Украинаро “як таҳдиди фавқулодда” барои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) номидааст,- хабар медиҳад ТАСС.

Қобили зикр аст, ки ба ҳайати ИДМ давлатҳои Русия, Белорус, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Молдова шомиланд.

“Дар вазъияти кунунии вобаста ба ҳодисаҳо дар Украина, ин таҳдидҳо афзоиш меёбанд. Имрӯз кишварҳои мо дар пешорӯи таҳдидҳои наву фавқулодда хатарнок қарор доранд, мисли ширкати шаҳрвандони кишварҳои ИДМ дар амалиёти ҷангӣ ба ҳайси сарбозони кироя, паҳншавии силоҳ, муҳимоти ҷангӣ ва маводи мухаддир”,- овардааст гуфтаҳои Красновро Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ.

Ӯ таъкид доштааст, ки барои аз байн бурдани ин “таҳдидҳо” кишварҳои ИДМ ва сохторҳои ҳифзи қонун бояд шеваи ҳамкориро мутобиқ ба талаботи замон “манфиатнок” гардонанд.

Дархости Юсуф Раҳмон

Ҳамчунин, Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон аз ҳамтои русаш хостааст, ки барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар риштаи прокурорӣ квотаҳо ҷудо намояд. Игор Краснов дар посух гуфтааст, ки ин масъала аллакай дар ҳукумат дар ҳоли баррасист.

«Фикр мекунам, посух ба дарозо гузошта нахоҳад шуд ва ин масъала ҳалли худро меёбад»,- гуфтааст Краснов.

Вай зикр намудааст, ки дар ҳоли ҳозир имкони таҳсили прокурорҳои тоҷик дар Донишгоҳи прокуратураи Русия аз рӯи барномаи такмили ихтисос имконпазир мебошад.

«Чунин давраҳои омӯзишӣ тирамоҳи соли равон дар нақшаанд ва ман бо камоли майл кормандони Прокуратураи генералии Тоҷикистонро барои иштирок дар онҳо даъват мекунам»,- изҳор доштааст Краснов.

Қобили зикр аст, ки дар Душанбе Игор Краснов ва Юсуф Раҳмон Барномаи ҳамкорӣ байни мақомотро то соли 2024 ба имзо расониданд, ки аз тадбирҳои муштараки мубориза зидди ҷинояткорӣ ва таҳдидҳое чун терроризм ва ифротгароӣ иборат аст.

О. СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *