Чаро теъдоди довталабон кам шуд? Посухи директори ММТ
Масъулини Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон бамаротиб кам шудани теъдоди довталабон ба макотиби олии кишварро шарҳ доданд.
Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, воқеан динамикаи бақайдгирии довталабон дар се соли охир дар ҳоли камшавӣ аст ва агар соли 2020 теъдоди довталабон ба донишгоҳҳои кишвар бештар аз 100 ҳазор нафар буд, имсол ин шумора то 82 ҳазор камтар шудааст.
Ӯ яке аз сабабҳои камшавии довталабонро дар соли равон назар ба ду сол пеш бозшавии сарҳадҳо унвон кард, ки донишҷӯён тавонистанд ба хориҷ рафта, таҳсил кунанд. — Мо фикр мекунем, ки соли 2020 соли пандемия буд ва роҳҳо баста буданд, бисёр нафарон ба муассисаҳои таълимии дохили кишвар таваҷҷуҳ карданд. Солҳои 2021 ва 2022 ин теъдод камтар шуд ва мо албатта, кӯшиш мекунем, ки омилҳои ба ин рақамҳо оварда расонида ва сабабҳои субъективӣ ва объективии онро муайян кунем. Лекин барои инро дақиқ муайян кардан назарпурсӣ анҷом додан лозим аст. Алҳол бо анҷоми марҳилаи имтиҳони маркази тестӣ мо нақша дорем, ки як назарпурсӣ гузаронем,- гуфт директори Маркази миллии тестӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ