Аз кишвари истеъмолӣ ба кишвари истеҳсолӣ

Доим миллати мо, кишвари моро бо он забонкӯтоҳ мекарданду ҳоло ҳам мегӯянд, ки “шумо истеъмолкунанда, на истеҳсолкунанда ҳастед!”.

Дар ростои таърих собит шуда, ки танҳо мамлакати рӯ ба тавлидот оварда пешраву обод ва мардумаш осуда асту зиндагии муътадил дорад. Ҳамин аст, ки Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон бо муътадилшавии вазъи иқтисодӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда, қадам ба қадам пеш меравад.

Ҳоло Тоҷикистон ба ҷуз ашёи хому сабзавоту меваҷот молҳои тайёри сарулибос, маҳсулоти консервагӣ, рангҳои гуногуни сохтмонӣ, либосҳои варзишӣ, нӯшобаҳои рангин бо навиштаҷоти “Истеҳсоли Тоҷикистон” содирот мекунаду худро таъмин месозад. Ҳоло бозичаҳои бачагона, моделҳои гуногун, дару тирезаҳои пластикӣ, велосипед, бигзор банду баст бошад ҳам, автобусу трактор истеҳсол мешавад.

Қабул шудани барномаи «Саноатикунонии босуръат» ва “Рушди саноат барои солҳои 2022-2026″ шароит фароҳам меорад, ки дар ин ҷода муваффақ шавем.

Ҳоло дар Суғд тавлиди ҳама маводи ниёзи мардум — обу ташноб (собуну хамираи дандоншӯӣ, коғаз) роҳандозӣ шудааст. Дар шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд, Исфара ва чанд навоҳии дигар истеҳсоли боз чанд маҳсулоти зарурии бозоргир дар Аврупо роҳандозӣ хоҳад шуд. Иқдомҳои мазкур моро эътимод мебахшанд, ки дур нестанд он рӯзҳо, ки воқеан ҳам Тоҷикистон ба як давлати рушдёфтаи истеҳсолӣ мубаддал мегардаду аз таънаву маломатҳои душманон раҳоӣ меёбем!

Чанде қабл дар ҷараёни сафар ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, боз бовариам ба фардои рӯшани саноати кишвар қавитар шуд. Маҳсулоти бинокорӣ — семент истеҳсол мекунанду мебел, ҷӯробу велосипед ва нӯшокиҳои сифатан аъло бо технологияи пешрафти Аврупо.

Ҷовиди АШТӢ, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *