Аз «Гардиши девбод» то «Раҳоварди зиндагӣ». Суҳбати ошкоро бо Абдулҳамид Самад

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад 75-сола шуд. Бо вуҷуди он ки адиб дар фароварди романи “Гардиши девбод”аш 5 сол қабл эълон карда буд, ки ба навиштани асарҳои калонҳаҷм даст намезанад, вале имрӯз низ пайваста машғули эҷод аст ва солҳои охир чанд китоб ба нашр расонид…

Рисолати ман тамом нашудааст

— Эълоне, ки Шумо дар поёни романи “Гардиши девбод” кардед, мисли “хатми карераи эҷодӣ” садо дода буд. Вале дар ин авохир низ пурмаҳсул будед, чанд китобатон ба нашр расид…

— Ростӣ, чунин эълон кардани ман сабаб дошт. Ин гапро танҳо ба хотири саломатиам гуфтам. Ҳатто бовар надоштам, ки романи “Гардиши девбод”-ро ба итмом мерасонам. Чунки “валидол” дар таги забон, пушти миз нишаста, кор мекардам… Синни одамӣ ки рафт, орзуҳои бузург барои инсон дастнорас хоҳанд шуд. Бинобар ин, ба хулоса омадам, ки дигар роману повест барин асарҳои калон нанависам, зеро саломатиам ба чунин заҳмати шоқа созгор нест. Он чизҳое, ки дар ин авохир нашр кардам, асосан қиссаҳои хурд, ҳикояҳо, мақолаҳо, эссеҳо ва хотирот ҳастанд. Бархе аз навиштаҳо солҳо пеш иншо шудаву рӯйи миз мехобиданд ва интизори таҳриру такмил буданд. Чун имкон даст дод, ин корро кардам.

— Чашм нарасад, устод, дар ин синну сол ҳанӯз бардаму чолокед. Бовар дорам, ки чанд асари дигар низ навишта метавонед.

— Шукр, ки дар ин синну сол бад нестам. Аз парвардигор сипосгузорам, ки маро ба ин синну ба ин рӯз расонид. Зеро ман як умр бо бемориҳо мубориза бурдам, ҷарроҳиҳои зиёдеро пушти сар кардам. Гумон мекунам, ки ҳанӯз рисолати ман ба сифати як инсони эҷодкор тамом нашудааст. Бинобар ин, Худованд ба ман имкони зиндагӣ медиҳад. Кӯшиш мекунам, ки аз ин фурсат истифода карда, корҳои нотамомро ба анҷом расонам. Махсусан, таҳриру такмил ва нашри ёддоштҳоям муҳим ҳастанд.

Раҳоварди зиндагӣ     

— Ёддоштнависӣ, ки дар адабиёти муосир аз устод Садриддин Айнӣ оғоз мешавад, кори осон нест. Чӣ сабаб шуд, ки шумо ба ин кори сангин даст занед?

— Чанд сабаб дорад. Якум, дар ин зиндагӣ ман бо инояти Худованд бо бисёр инсонҳои шариф ва муътабар — ҳам дар дохили ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз он шинос шудам. Бо онҳо ҳамкорӣ карда, бисёр чизҳоро омӯхтам. Зинда кардани хотироти неки эшонро вазифаи худ мешуморам. Дуввум, дар ду давра ва дар ду низом зиндагӣ кардам — асри бист ва асри бисту як; давлати шӯравӣ ва соҳибистиқлол. Шоҳиди гирудорҳои зиёди сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ будам. Сеюм, сафарҳои зиёде доштам. Ва билохира ба сифати як қаламкаш рӯзгори рангинро пушти сар кардам. Ҳамин аст, ки ба нашри ёддоштҳо камар бастам. Ин ёддоштҳо дар як рӯз тавлид нашудаанд. Банда аз замони донишҷӯйӣ хотира менависам. Аз вақти аз деҳа баромадан то имрӯз 30 дафтарчаи хотира дорам. Онҳоро варақ мезанам ва дар ин баробар, ба ёди солҳои ҷавониям меафтам. Ба ёди устодон, дӯстон, ҳамкорон, ки бештарашон ҳоло дар байни мову шумо нестанд. Ман ин дафтарҳоро варақ мезанам, навиштаҳоро такмил медиҳаму таҳрир мекунам. Шукр, имкон даст дод, ки ин корро худам кунам, вагарна касе онро карда наметавонист. Феълан як қисмати хотирот омодаи нашр шуд ва ба наздикӣ таҳти унвони “Раҳоварди зиндагӣ” ба нашр мерасад.

Фоҷеаи тоҷикон

— Дар оғоз аз “Гардиши девбод” суҳбат кардем. Ба андешаи ман ин роман дар эҷодиёти шумо гардиши калон ва дар адабиёти тоҷик падидаи нав аст: аз як зовия нигаристан ба се марҳилаи пуртаззоди таърихи тоҷикон. Чаро маҳз ин фоҷеаҳо диққати шуморо ҷалб карданд?

— Ин асар гӯё ҷамъбасти як марҳилаи муҳими эҷодиёти ман аст. Ва он як навъ таҷриба низ мебошад. Чаро се марҳилаи пуршӯр, ки дар 100 соли охир таърих ба тоҷикон “ҳадя” кард, диққати маро ҷалб намуд? Зеро маҳз дар ҳамин се марҳила сарнавишти миллати мо ҳал мешавад. Таззодҳои солҳои 20-ум сабаб шуданд, ки худшиносии миллии тоҷикон боло равад. Бо вуҷуди душвориҳо, фишорҳо ва кашмакашҳову қурбониҳо мо соҳиби як порча замин ва давлат шудем.  Замони шӯравӣ гӯё аз ташвишҳо озод буд ва дар тинҷиву амонӣ умр ба сар бурдем. Вале яку якбора Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрду давлати мо ба ҷанг печид ва марҳилаи дуввуми зиндагӣ оғоз ёфт. Ин марҳила комилан мухолифи зиндагии пешина буд: ҳам авзои ҷомеа, ҳам авзои сиёсии кишвари мо ва ҳам тақдиру сарнавишти миллати мо. Ин фоҷеаи сангин буд, ки ба сари мо омад. Ман дар асарам кӯшиш кардам, ки хатоҳои таърихии миллати тоҷикро таҳқиқ кунам. Чаро иштибоҳҳоямон барои мо дарс нашуданд? Ба ин суол посух ҷустам.

— Як бахши муҳими романи “Гардиши девбод” ба ҳаводиси ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бахшида шудааст. Вале ба назар чунин мерасад, ки шумо дар ин бахш хеле эҳтиёткор ҳастед. Даҳшати воқеии ҷанги шаҳрвандиро ба ҳадди зарурӣ тасвир намекунед. Сабаб чист?

— Ман амдан ин корро кардам. Даҳшати ҷанги шаҳрвандии тоҷикон ва бародаркушӣ ифтихороте надорад. Ман дар ин ҷанг қаҳрамонро намебинам. Ба сари ҳамватан силоҳ рост кардан ба ҳеҷ ваҷҳ қаҳрамонӣ надорад. Бинобар ин, ман кӯшиш кардам, ки бе тарафгирӣ, бе қаҳрамонтарошӣ ва бидуни тасвири ҷузъиёти қатлу куштор ҳадафамро баён созам. “Гардиши девбод” ҷангнома нест. Ин асар ҷустуҷӯ ва таҳқиқ аст… Муроди ман ин аст, ки эҳтиёт шавем, худшинос бошем, ки дигар ин фоҷеа такрор нашавад.

Сензура ва адабиёт

— Агар “Гардиши девбод” барин асар дар замони Шӯравӣ таълиф мешуд, оё ба чопи он иҷозат медоданд?

— Ҳадафатонро фаҳмидам. Аз сонсур мепурсед. Дар замони Шӯравӣ барои адабиёту санъат чаҳорчӯба муайян буд. Вале дар ҳамон давр низ имкон дошт, ки ҳарфи зарурӣ гуфта шавад. Дар он давра низ асарҳои мондагор таълиф шудаанд.

— Вале дар он даврон нашри бисёр асарҳо боз дошта шуданд…

— Бале. Чун дар Иттифоқи нависандагон кор мекардам, шоҳиди чандин муҳокимаҳо будам. Асарҳои Куҳзод, Саттор Турсун ва Ҷумъа Одина мавриди баррасиҳои тезутунд қарор гирифта, нашрашон манъ шуда буданд. Вале ин талаботи ҳамон замон буд. Дигар чорае надоштем.

— Умумун, ба сонсур чӣ назар доред? Оё имрӯз низ сонсур ҳаст?

— Албатта, ба ҳайси як эҷодкор назари ман ба сонсур манфӣ аст. Вале озодии комил ба адибони мо боли парвоз набахшид. Чеҳраҳои нав, асарҳои дархӯри замон ба вуҷуд наомаданд. Дар даврони истиқлол ба ҷуз чанд адиби асил, чизҳои хому хатала зиёд шуданд. Ин, албатта, боиси нигаронист.

— Сабаб чист?

— Бидуни шак, истиқлол барои рушди адабиёт замина фароҳам овард. Дар ин давра асарҳои ҷиддӣ пайдо шуданд. Вале ин асарҳо ба қалами онҳое тааллуқ доранд, ки дар охирҳои шӯравӣ аллакай ном бароварда буданд. Адибони ҷавон, бахусус носирони насли нави мо камҳавсала ҳастанд. Имрӯз агар нигоҳ кунем, ҷавонтарин нависандаи фаъоли мо синнаш аз 50 болост. Ду-се нафар ҷавонҳо ҳастанд, чизҳои хуб навиштанд, вале кам. Сабаб дар он аст, ки дигар адабиёт рӯзгори нависандаро таъмин намекунад… Ин мавзуъ бисёр ҷиддӣ аст. Бояд роҳи ҳал ҷуст, ки носирони ҷавон дилгарм шуда, ба кори эҷодӣ машғул шаванд. Зеро наср бисёр муҳим аст. Маҳз насри бадеӣ сарнавишти халқро инъикос ва инсонро аз ҳама ҷиҳат тарбия мекунад. Бубинед, миллатҳои бузург насри бузург доранд ва соҳибони насри бузург аз ҳар ҷиҳат тараққӣ кардаанд. Бинобар ин, ба вазъи феълӣ бетараф набояд буд. Мо ба ҳар навъ зиндагӣ кардем, то аз дастамон омад, эҷод намудем, шикоят надорем, вале дар фикри ҷавонҳо бояд буд…

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Абдулҳамид Самад 5-уми августи соли 1947 дар деҳаи Шикоргаҳи ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» ва моҳномаи «Фарҳанг» кор кардааст. Аз соли 1993 то соли 2015 муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Муаллифи чанд қисса, аз ҷумла «Баъд аз сари падар», «Паррончакҳо», «Шохи чинор», «Аспи бобом», «Пиёлаи шикаста», «Косаи давр» ва романи «Гардиши девбод» аст. Соли 1990 барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шуд ва нуҳ сол баъдаш ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сарафроз гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *