Чаро ба муроҷиат гӯш намедиҳанд?

Ба таваҷҷуҳи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода

Ман маъюби гуруҳи 1-ум, зодаи шаҳри Истаравшан буда, маҷбур шудам, ки ба газетаи «Тоҷикистон» дарди диламро нависам.

Имрӯз аз тарафи ҳукумати кишварамон барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ободию ҷойи кор муҳайё кардан имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шудааст. Бо вуҷуди маъюб будан, барои хаста нашудани худ як миқдори муайяни замини дур аз деҳотро, ки дар қисмати саҳро ва наздики роҳ аст, обод карда, хостам фаъолияти хурди соҳибкориямро ба роҳ монам. Замине, ки ман аз ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланди шаҳри Истаравшан дархосту муроҷиат намудам, 1 сотих ҳам намебарояд ва зери он пур аз партов буда, бо хок рӯйпӯш карда шудааст. Хостам ин замини хурдакаки аз истифода берунро ҳамчун фаъолияти соҳибкорӣ «Нуқтаи тухмиҳои кишоварзӣ» созаму бо вуҷуди маъюб буданам дар пешрафти соҳаи аграрии кишвар каме бошад ҳам, саҳм гузорам. Аммо ҳеҷ кас маро дастгирӣ накард ва ҳатто заминсози деҳаи Қалъаи Баланди шаҳри Истаравшан мегӯяд, ки замини дар боло зикршуда гӯё чарогоҳ будааст. Аҷабо, инро чӣ гуна фаҳмем? Замине, ки партов буду болояш бо хок пӯшида шуда буд, магар чарогоҳ мешавад?

Ин чӣ гап, магар як гектарро талаб намудам, ки масхара мекунанд? Магар дар ҷомеаи имрӯза мумкин аст, ки ҳуқуқи шахси бою камбағал як хел набошад? Ба шахсони сарватманд мумкину ба ман не?! Чун ман камбизоат ва падарам раис неву, балки як муаллими оддӣ?… Сад афсӯс, ки барои ҳақу ҳуқуқамро талаб намудану муроҷиати даҳонӣ кардан пойи равон надорам!

Доир ба қонуншиканиҳои заминсози ҷамоати деҳаи Қалъаи Баланд ба МИҲД ва прокурори шаҳрамон тариқи хаттӣ муроҷиат намудам, аммо на чора диданду на тафтиш карданд! Чӣ, магар забон як кардаанд? Ростӣ, ҳайронам ва ангушти ҳайрат мегазаму ба ғазаб меоям аз ин муомила.

Пас, кист шахси масъул, ки ба муроҷиати мо гӯш диҳад? Чаро шахси доро аз дилхоҳ ҷой чӣ қадар замине хоҳад, мегираду мани маъюб дар замине, ки ба андозаи «як забони гов» аст, мутобиқи қонун фаъолияти соҳибкориямро ба роҳ монда наметавонам?

Идрис РАҶАБОВ,

маъюби гуруҳи 1-ум, деҳаи Қалъаи Баланди шаҳри Истаравшан

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *