Чашмсабзи бевафою чашмсиёҳи фитнагар
Ранги чашм хислати инсонро фош месозад
Беҳуда чашмро оинаи дил намегӯянд, қиёфашиносон бар он назаранд, ки танҳо ба чашми инсон нигариста, бе ягон ҳарфу ҳиҷо дар борааш бисёр чизҳоро фаҳмидан мумкин аст. Вақте бо касе бори аввал рӯ ба рӯ мешавед, ба чашмонаш бо диққат нигаред, шакл ва ранги чашми одам дар бораи соҳибаш баъзан маълумотҳои ҷолиб дода метавонад. Мехоҳед хислати инсонро аз чашмонаш фаҳмед? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!
Хато накунед!
Муайян намудани ранги чашми инсон кори саҳлу осон нест, зеро ҳатто чашмони одии кабуд низ миллионҳо тобиш доранд, баъзан чашми кабуд тобиши фирӯзаранг медиҳаду чашмони малларанг ба назар сиёҳ менамоянд. Барои аниқ намудани ранги чашм ин корро дар равшании хуб ва аз наздик ба анҷом расонед.
Чашмони обӣ
Аз рангҳои обӣ сар мекунем. Ба гурӯҳи чашмони обӣ чашмони рангашон сабз, кабуд ва қаҳваранг дохил мешаванд. Аслан чунин нафаронро «оташчашм» меноманд. Ин тоифаи одамон бо дағаливу асабонияти зиёдашон аз дигарон фарқ мекунанд.
Табиатан кунҷков ҳастанд, дар ҳама кор ширкат варзиданро дӯст медоранд, вале шавқу завқашон ба зудӣ тағйир ёфта, метавонанд баъди чанде аз баҳри шахс ё чизе, ки дар назари аввал барояшон бисёр аҷиб менамуд, гузаранд. Беҳтарин хислати одамони чашмони обӣ дошта дар он аст, ки сирри касеро фош намесозанд. Ба ин нафарон натарсида сири дил кушоед ва муътақид бошед, ки дар ин бора касе намефаҳмад.
Чашмони кабуд
Шахси чашмонаш кабуд зудранҷ, вале зираку мушфиқ мешавад. Баъзан рӯзи дароз бекор мешинад, вале рӯзи дигар чунон заҳмат мекашад, ки кас ба ҳайрат меояд.
Дар сар идеяҳои ҷолиб дорад, барояш пулу мол муҳим нест. Одами чашмкабуд барои расидан ба қуллаҳои зиндагӣ бояд мақсади баланд дошта бошад.
Чашмони қаҳваранг
Ин тоифаи одамон хеле боисрор мешаванд, агар ба коре майл намоянд, касеву чизе сади роҳашон гашта наметавонад. Сари ҳар қадам дучори монеаҳо гарданд ҳам, сар намефароранд, балки роҳи ҳали масъаларо ҷӯё мешаванд.
Мушкили асосии одамоне, ки чашмони қаҳваранг доранд, мағруриву худбоварӣ ва аз кӯмаки атрофиён рӯ гардониданашон аст. Онҳо ҳамеша худро лидер мешуморанд, ҳатто дар ҳолатҳое, ки чунин нест.
Чашмони сабз
Нафарони чашмонашон сиёҳ боғурур ҳастанд, онҳо ҳамеша қадри худро медонанд ва дар зарурат худро нишон медиҳанд. Аз ин тоифа чизеро талаб кардан кори душвор аст. Ҳама гуна сӯиқасдро пешакӣ ҳис карда, ба ҳар як бадӣ се баробар зиёдтар бадӣ мекунанд. Нафаре, ки бо чашмсиёҳ оиладор мешавад, мутеи ӯ мегардад, вале аз ҷониби дигар бурд мекунад. Дар паҳлуи ёри чашмсиёҳатон шумо худро ҳамеша амну осоишта эҳсос хоҳед кард, зеро ӯ шуморо аз ҳама балову офатҳо муҳофизат намуда, бароятон пуштибони қавӣ мегардад.
Чашмони сард
Ба чашмони сард рангҳои сиёҳ, хокистарӣ, сабзи хокистарӣ, хокистарии қаҳваранг, хокистарии кабуд дохил мешаванд. Хусусияти хоси ин чашмҳо дар он аст, ки соҳибашон бештар ба ақл такя мекунад, на ба эҳсосот.
Акнун дар бораи ҳар яки ин чашмҳо дар алоҳидагӣ маълумот медиҳем.
Чашмони сиёҳ
Нафарони чашмонашон сиёҳ боғурур ҳастанд, онҳо ҳамеша қадри худро медонанд ва дар зарурат худро нишон медиҳанд. Аз ин тоифа чизеро талаб кардан кори душвор аст.
Ҳама гуна сӯиқасдро пешакӣ ҳис карда, ба ҳар як бадӣ се баробар зиёдтар бадӣ мекунанд. Нафаре, ки бо чашмсиёҳ оиладор мешавад, мутеи ӯ мегардад, вале аз ҷониби дигар бурд мекунад. Дар паҳлуи ёри чашмсиёҳатон шумо худро ҳамеша амну осоишта эҳсос хоҳед кард, зеро ӯ шуморо аз ҳама балову офатҳо муҳофизат намуда, бароятон пуштибони қавӣ мегардад.
Чашмони хокистарӣ
Нафароне, ки чунин чашмони фаттон доранд, шабеҳи хамелеон ҳастанд, ин тоифа барои ба даст овардани фоида ба ҳама гуна шароит мутобиқ мешаванд. Онҳо ҳам дар ҷодаи сиёсат, ҳам дар карера ва дар армия худро хуб ҳис мекунанд. Пухтакоранд, асрори худро ба касе намекушоянд, вале сиру асрори дигаронро ба зудӣ фош месозанд.
Мафтуни суханони ширини шахси чашми хокистарӣ дошта гашта, дилатонро мисли китоб дар наздаш накушоед, вагарна рӯзи дигар нисфи дунё аз дарду мушкилоти шумо бохабар мегардад. Ҳангоми ба кор қабул кардан ба масъулиятнокии шахсе, ки чашмони хокистарии дилрабо дорад, умед набандед.
Чашмони сабзчаи хокистарӣ
Одамоне, ки чашмони рангашон сабзчаи хокистарӣ доранд, дорои ақлу зеҳни баланд ҳастанд. Бештарашон ходимони илм мешаванд, вале корҳои тайёрро барои такмил додан ба дигарон медиҳанд. Беҷуръат ҳастанд, нони даҳонашонро соҳибӣ карда наметавонанд. Дар зиндагӣ як умр аз рӯйи софдилӣ ва зудбовариашон азоб мекашанд.
Чашмони кабудчаи хокистарӣ
Нафарони чашмонашон кабудчаи хокистарӣ дошта ақлу зеҳни баланд доранд ва дилхоҳ корро дар сатҳи баланд иҷро мекунанд. Хислати фарқкунандаи ин тоифа дар он аст, ки ҳама чизро таҳлил, муқоиса ва ҳисобу китоб мекунанд. Зиёд руҳафтодаву маъюс намешаванд, аксарият онҳоро хунсард мешуморанд. Нони худро соҳибанд ва ин одаташон ба назари атрофиён худхоҳиву беномусӣ менамояд.
Чашмони қаҳваранги хокистарӣ
Чашмони қаҳваранги хокистариро нафароне доранд, ки ҳамеша ба кӯмаки дӯстон мешитобанд, зеро қобилиятҳои беҳтар доранд ва болонишину муътабаранд. Бо чашмони қаҳваранги хокистарӣ ба дунё омадан худ нишонаи одами хушбахт ва бо бахту толеъ будан аст, ин тоифа ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ азоб намекашанд.
Дар ҳама гуна вазъият ҷиҳатҳои мусбиро пайдо намуда, фоида ба даст меоранд. Забон ёфтан бо эшон осон аст. Хислати дилёбиашон боиси он мегардад, ки дар ҳама ҷо ба осонӣ дӯсту рафиқони бешумор пайдо намоянд.
Таҳияи Меҳрубон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ