Чиптафурӯши қимматфурӯш ва миёнарави ӯ дастгир шуданд
Нисбати боздоштшуда Шарипов чораи пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ татбиқ ва тафтишот ҷараён дорад.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе оид ба боздошти ду нафар- як корманди кассаи ҳавопаймоӣ ва миёнарав хабар медиҳад.
Боздоштшудагон ба таври сунъӣ нархи чиптаҳои ҳавопайморо баланд карданд.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии РКД-и пойтахт, кормандони милиса як сокини 56-солаи қаблан маҳкумшудаи шаҳри Ваҳдат Шарифов Нуриддин Саидовичро боздошт карданд.
Ин амалҳои ғайриқонунии гумонбарон, яъне ба таври сунъӣ боло бурдани нархи чиптаҳи ҳавопаймо боиси хашми шаҳрвандон шуданд.Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Нуриддин Шарипов тибқи талаботи моддаи 247 қисми 2 (қаллобӣ) ва нисбати Қ.С. тибқи талаботи моддаи 294 қисми 2 (фиреби истеъмолкунандагон) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз када шуда, нисбати охирон бинобар дар тарбияаш вуҷуд доштани кудаки ноболиғ чораи пешгирӣ дар намуди набаромадан аз маҳали зист ва нисбати боздоштшуда Шарипов чораи пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ татбиқ ва тафтишот ҷараён дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ