Қиссаи дузах дар «Давлати исломӣ» аз забони язидидухтар  

 

Нодия Мурод, язидидухтари 21-сола аз деҳаи Кочо (Ироқи Шимолӣ, Курдистон) се моҳ дар асорат ва ғуломии ҷангҷӯёни ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ қарор дошт ва билохира муваффақ шуд аз он ҷо бигрезад. Нодия дар Шӯрои амнияти СММ суханронӣ ва аз қатли оми язидиҳо, ки аз ҷониби ДИИШ анҷом шудааст, иттилоъ дод. 12 январи 2016, ҳукумати Ироқ Нодияро барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел номзад кард.
Хабарнигорони “Новая Газета” бо ин ҷавонзан, ки ҳоло аз рӯйи барномаи ҳимоят аз шоҳидон дар яке аз кишварҳои Аврупо ба сар мебарад, мусоҳибае анҷом додаанд. Нодия саргузашти фоҷиабори худро ба ин хабарнигорон ва ҳамин тур барои тамоми оламиён қисса кардааст.

“Деҳаи мо Кочо ном дорад. Онҷо бештар аз 2 700 нафар зиндагӣ мекард. Он дар 30 километрии шаҳри Синҷор қарор дошта, аз ҳама деҳаи дурдасти язидӣ маҳсуб мешавад. Аҳолии ҳама деҳаҳои дигар мусалмоннишинанд. Зиндагии язидиҳо, чи дар Синҷор ва чи дар деҳаи ман бисёр содда аст. Дар давлат ба шакли мухтор зиндагӣ мекардем. Тамоми деҳа масруфи кишварзӣ буданд, чорводорӣ мекарданд. Мо низ. Мо гандум ва ҷав парвариш мекардем. Тамоми хонаводаи мо дар деҳа буд. Падарам соли 2003 вафот кард. Ман бо модарам, бародарҳоям ва хоҳаронам мезистам. 8 бародар ва ду хоҳар доштам.

МАЪЛУМОТНОМА
Язидиҳо гурӯҳи қавмӣ-мазҳабии курдтаборанд, ки бо забони курдӣ, гӯйиши курмонҷӣ гуфтугӯ мекунанд. Дини язидиҳо язидизм аст, ки ба зардуштия наздик буда, унсурҳои масеҳият ва ислому яҳудиятро дар худ дорад. Язидиҳо дини худро тавҳидӣ медонанд, вале бештарини мусалмонҳо ин қавмро бебовар ҳисоб мекунанд. Язидиҳо асосан дар шимоли Ироқ, ҷанубу шарқи Туркия, Сурия ва кишварҳои аврупоӣ зиндагӣ мекунанд. Бино ба омори сарчашмаҳои гуногун дар ҷаҳон аз 1 то якуним миллион язидӣ мавҷуд аст. Қаламраве, ки аз ҳама бештар язидиҳо дастаҷамъона умр ба сар мебаранд, навоҳии Айн-Синфӣ, Синҷор ва Доҳук дар губернатории Мосули Ироқ мебошад. Аз рӯйи омори то замони ҷанги Ироқ теъдоди язидиҳо дар ин кишвар 700 ҳазор нафар будааст. Дар замони ҳукумати Саддом Ҳусейн талош шуда буд, ки язидиҳоро араб номнавис кунанд.

Дар Кочо танҳо як мактаб мавҷуд буд ва мо ҳама он ҷо дарсхонӣ мерафтем. Бо ҳамсинфонам дар бораи ояндаи худ бисёр гуфтугузор мекардем, ки кӣ чӣ гуна одам мешавад ва чӣ ихтисосеро интихоб мекунад. Ман таърихро нағз медидам ва мехостам омӯзгор шавам. Шаш сол дар мактабӣ ибтидоӣ, се сол дар мактаби миёна ва панҷ сол дар синфҳои болоӣ таҳсил кардам. Соли охирини таҳсилам, соли шашум боқӣ монда буд, ки бояд хатм мекардаму ба донишгоҳ дохил мешудам. Вале он сол ҷанг оғоз шуд ва ДИИШ деҳаи моро ғасб кард.
Дар деҳаи мо ҳамаи сокинон язидӣ буданд. Дини мо хеле қадимист. Эътиқод асоси зиндагии мост. Дар деҳаи мо духтарҳо наметавонанд бо ҳар касе, ки бихоҳанд издивоҷ кунанд, танҳо бо язидиҳо ҳаққи хонадоршавиро доранд. Мо наметавонем бо масеҳиҳо ва ё мусалмонҳо издивоҷ кунем. Вале мо ҳам, мисли мусалмонҳо ва масеҳиҳо ба Худо бовар дорем. Мо ҳам идҳое мисли соли нав, рӯзаи серӯза дар декабр ва намози худу ибодатгоҳи худро дорем. Дар шаҳри Лалеш ибодатгоҳи асосии мо ҷойгир аст. Дар Синҷор ҳам ҷойи муқаддасе дорем, ки он ҷо мерафтем. Ба эҳтимоли зиёд ДИИШ онҳоро хароб кардааст. Дар хонаводаи мо касе, ки дар ибодатгоҳ хидмат карда бошад, набуд, рӯҳонӣ надоштем. Вале дар Лолиш шӯрои олии динии одамони муқаддас буд, ки ҷамъияти моро бар асоси тамоми қавоиди динӣ роҳбарӣ менамуд.
Дар мавриди ДИИШ бори нахуст моҳи июн (2014), замоне, ки шаҳри Мосулро ғасб карданд, шунидам. Дар оинаи нилгун хабарҳо пахш мешуд, ман медидам, вале тасаввур намекардем, ки онҳо ба тарафи мо низ меоянд, ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ намекардем. Дар хотир дорам, ки мардҳо баррасӣ мекарданд, ки дар сурати ҳамлаи онҳо чӣ бояд кард. Вале мо ба ҳоли худ партофтану тарк кардани хонаҳоямонро ҳеч намеандешидем. Дар Синҷор мансабдорон ва низомиёни курд буданд ва таъйид мекарданд, ки ДИИШ ба мо даст намерасонад. Ҳамчунин ҳукумати Ироқ, ҳукумати Курдистон мегуфтанд: “Наравед, ҳеҷ кас ба шумо ҳамла намекунад, мо шуморо муҳофизат мекунем”.
Мо ба онҳо бовар кардем ва ба муҳофизаташон умед бастем. Онҳо ба мо нагуфтанд, ки ДИИШ аллакай дар дигар навоҳӣ язидиҳоро ба қатл расондааст. Замоне ки ДИИШ шаҳрҳои Мосул ва Ҳамдонияро ғасб кард, фаҳмидем, ки онҳо ба шиаҳо ва масеҳиҳои маҳаллӣ гуфтанд: “Шумо ду рӯз вақт доред, ки аз шаҳр биравед” — ва ба онҳо коре накарданд. Вақте ДИИШ ба шаҳри Талл-Афар, ба деҳаҳои шиаҳо ворид шуд, гуфтанд: “Биравед, тамоми дороиятонро дар хонаҳоятон бигзореду биравед”. Фикр кардем бо мо низ чунин бархӯрд мекунанд. Воқеан бар ин набудем, ки моро ба муҳосира мегиранд. Ҳатто дари хонаҳоямонро набаста будем.
Сеюми августи соли 2014 ДИИШ шаҳри Синҷорро ғасб намуд. Онҳо ба деҳаҳои язидиҳо ворид шуданд ва ҳанӯз аз сари субҳ баъзеҳо ба кӯҳҳо фирор карданд, то наҷот ёбанд. Ҷангҷӯён ба паррондан оғоз карданд. Дар ин рӯз аз ҳисоби мардҳо, занон ва кӯдакон ҳудуди 3 ҳазор кушта шуд. Ман инро аз хонаводаҳое, ки ба Курдистон гурехтанд, фаҳмидам. Ҳар кадоме аз онҳо иттилоъ дода буданд, ки аз хонаводаҳояшон киро куштаанд. Ҳисоб карда буданд ва се ҳазор нафарро ташкил дода буд. Баъди озод кардани Синҷор он ҷо ва дар деҳаҳои атроф 16 мадфангоҳи умумӣ пайдо шуд. Ҷангҷӯён ба мардум тарк кардани шаҳр ва деҳаашонро иҷоза намедоданд. Дар ҳамон рӯз онҳо занон ва духтарони зиёдеро бурданд.
Сеюми август мо натавонистем, ки аз деҳа бигрезем. Вақте онҳо ноҳияро ғасб намуданд, мустақиман аз деҳаҳои наздиктарин ба деҳаи мо омаданд. Рустои мо бо деҳаҳои мусалмоннишини Бааҷ ва Глеҷ дар фосилаи хеле кӯтоҳ ҷойгир аст. Деҳаи моро таҳти назорат гирифта, таъкид карданд, касе онро тарк накунад. Баъдан хона ба хона гашта, касе, ки силоҳ дошт, гирифтанд. Ҳар кадоми мо дар хонаҳои худ аз 3 то 15 август мондем. 14 август рӯзи панҷшанбе буд ва амири онҳо ба деҳа омад. Ӯро Абу Ҳамза Ал-Хотунӣ меномиданд. Ҳар як деҳаи язидинишин сардор/мухтор дорад. Амир ба пеши сардори мо омад ва гуфт: “Шумо се рӯз вақт доред. Ё Исломро мепазиред, ё мо тамоми шуморо мекушем”.
Вале онҳо мунтазир намонданд. Рӯзи дигар, 15 август ҳамон амир дигарбора омад. Бо ӯ қариб 2 ҳазор ҷангҷӯйи дигар ҳам ба деҳа ворид шуданд ва соатҳои 10:30-11-и субҳ, ки рӯзи ҷумъа буд, эълон карданд, ки тамоми сокинони деҳа – занҳо ва мардону кӯдакон назди мактаб ҷамъ шаванд. Ҳамаи мо — 1 700 нафарро ба дохили мактаб ронданд. Вақте мо ба мактаб омадем, диишиён гуфтанд: “Ҳамаи занҳо ва кӯдакон ба қабати дувум, мардҳо дар қабати аввал мемонанд”.
Ман ҳам дар қабати дуюм будам, вале медидам, ки дар қабати аввал чӣ мегузарад. Ҷангҷӯён аз мардони мо ангуштарин, пул, телефонҳои мобайл, ҳамён ва тамоми чизеро, ки доштанд, мегирифтанд. Баъди ин, онҳо ба қабати дуюм омада ,тамоми чизе, ки занону кӯдакон доштанд, назири ангуштарин, тилловорӣ ва чизҳои дигар гирифтанд. Онҳо мӯйлаб надоштанд, вале ришдор буданд, як қисмашон мӯйҳои дарозу қисме мӯи кӯтоҳ доштанд. Ҳамагӣ либоси дароз – ҷеллоба пӯшида буданд. Амири онҳо моро ба пойин садо кард: “Ҳар касе, ки мехоҳад Исломро қабул кунад, берун биравад, боқӣ дар мактаб бимонед”.
Вале ҳеҷ касе аз мо – на занон ва на мардон Исломро напазируфт. Касе ҳам аз мактаб берун набаромад. Баъди ин тамоми мардонро ба мошинҳо савор карда, ба тарафи деҳа, на он қадар дур, ҳамагӣ 200 метр бурданд. Мо ба назди терезаҳо рафтем ва дидем, ки чӣ гуна онҳоро мепаронданд. Ман ин корро бо чашмони худ дидам.
Миёни мардҳо шаш бародари ман низ буд. Ду писарамакам ва ду писартағоям ва ҳамин тур хешовандони зиёди ман ҳам буданд. Бародарони кушташудаам панҷтоаш бо ман аз як модар буданд ва якеашон аз модари дигар. То кунун ин ҳодиса барои ман дардовар аст. Баъд аз он ки онҳо мардонро куштанд, ба пеши мо омаданд ва гуфтанд: “Ба қабати аввал фароед”. Хитоб карданд, ки “касе мехоҳад Исломро бипазирад,  даст бардорад”. Вале касе аз мо даст набардошт. Ҳамаи моро низ дар ҳамон мошинҳо савор карда, ҷониби Синҷор бурданд. Намедонистем моро куҷо ва барои чӣ мебаранд ва бо мо чӣ карданӣ ҳастанд.
Ҳамаи моро бо шумули занҳову кампирҳову кӯдакон ба деҳаи ҳамсояи Солаҳ, ки дар паҳлуйи Синҷор воқеъ аст, бурданд ва дар як мактаби дуқабата ҷойгир карданд. Соат 8-и шом буд. Он ҷо танҳо сокинони деҳаи мо буданд ва бо сокинони деҳаҳои дигар то омадани мо “ҳисобу китоб” карда буданд. Пеш аз он ки моро ба дохили мактаб биронанд, рӯймолҳоеро, ки ба сар баста будем, гирифтанд, то чеҳраҳои моро ба хубӣ бубинанд. Дар мактаб моро ба ҳар тараф бурданд. Ба чор гурӯҳ – шавҳардор, солхӯрда, кӯдак ва духтарони ҷавон тақсим карданд. Моро мардони гуногунсин, ҳам ҷавон ва ҳам солхӯрда навъбандӣ мекарданд. Мепурсиданд, ки кӣ шавҳар дорад. Солхӯрдаҳоямон ва ҳар касе, ки аз 40-сола боло буд, ҳамчунин занҳои ҳомиларо низ алоҳида ҷудо мекарданд.
Мо, духтарҳои ҷавони аз 9 то 25-сола 150 нафар шудем. 80 зани солхӯрдаро аз мактаб бадар карда, куштанд. Ҷангҷӯён намехостанд онҳоро ба асорат бигиранд. Онҳо ҳамагӣ ҳамдеҳагони ман буданд. Миёни онҳо модари ман ҳам буд…
Соати 11-и шаб автобусҳо омаданд. То он вақт чор тан аз онҳо ба мо Қуръон мехонданд. Мо, 150 духтари ҷавонро ба ду автобус савор карданд ва 10 мошин моро ҳамроҳӣ мекард. Чароғи автобусҳоро рӯшан намекарданд, то тайёраҳо аз боло онҳоро набинанд ва бомбаборон накунанд. Танҳо мошине, ки пешопеш мерафт, бо чароғҳои равшан ҳаракат мекард. Моро аз Солаҳ ба тарафи Мосул мебурданд. Дар ҳар як автобус як ҷангҷӯй ҳузур дошт. Нафари афтобуси мо Абу Батот ном дошт. Ба ҳар кадоме аз духтарҳо наздик шуда, бо мобайли худ чеҳраи онҳоро рӯшан карда ва рӯяшонро тамошо мекард. Ба ҳар духтар наздик шуда, синаҳояшро ба дастонаш мефишурд ва бо риши худ рӯяшонро сойиш медод. Ин кор давом мекард, ки давом мекард. Чанд соат пеш мардони моро кушта буданд ва мо намефаҳмидем, ки барои чӣ мо ба онҳо зарурем ва бо мо чӣ мекунанд. Ман дар роҳрав нишаста будам ва ӯ синаи маро фишурд, ки ба дод задан оғоз кардам ва тамоми духтарони автобус дод задан гирифтанд. Ронанда автобусро нигоҳ дошт. Ҷангҷӯён аз мошинҳои ҳамроҳикунада омада пурсиданд, ки чӣ рух дод. Духтарон гуфтанд, ӯ ба мо наздик мешавад ва синаҳои моро ламс мекунаду мефишорад. Яке аз ҷангҷӯён гуфт: “Маҳз барои ҳамин кор мо шуморо бо худ гирифтем, ин ҷо шумо барои ҳамин гуна коред”.
Ӯ ба сари мо силоҳ кашид ва гуфт: “То замоне ки ба Мосул нарасем, шумо ҳақ надоред, ки ҷунбуҷӯл кунед, ба ҳар тараф бингареду ҳарф бизанед”. Ва дар тамоми муддате, ки нарасида будем, аз дасти он Абу Батот суҳбат карда натавонистем. Моро ба Мосул, ба қароргоҳи марказии ДИИШ оварданд. Як бинои муҳташами дуқабатаи зербинодор буд. Он ҷо занҳо ва кӯдакони язидие, ки 3 август ба асорат гирифта буданд, ҳузур доштанд. Дар паҳлуйи яке аз занҳо нишаста, пурсидам: “Шуморо пештар оварданд, ба шумо чӣ рух дод, бо шумо чӣ карданд ва шумо чанд нафаред?” Дар хотир дорам, ки ӯ ду кӯдак дошт. Гуфт, “3 август моро ба ин ҷо оварданд. Ин ҷо, дар қароргоҳ 400 зану духтари язидӣ ҳастанд. Онҳо ҳар рӯз, баъд аз нисфирӯзӣ ва ё баъд аз шом пеши мо меоянд ва ҳар духтареро, ки мехоҳанд бо худ мегиранд. То кунун, мое, ки солхӯрдаему кӯдак дорем, мавриди интихоб қарор нагирифтаем. Эҳтимолан, имрӯз ё фардо меоянд ва касе аз моро низ мегиранду мебаранд”.
Он ҷо то соати 8-и субҳ мондем. Соати 10 эълон карданд, ки моро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд. Як гурӯҳ дар Мосул мемонад ва гурӯҳи дигар ба Сурия фиристода мешавад. Онҳо 63 духтареро интихоб намуданд, ки бояд дар Мосул боқӣ мемонданд ва ман дар ин миён будам. Боқиро ба Сурия фиристоданд. Ду хоҳари маро низ бурданд.
Моро ба дигар сохтмони дуқабата бурданд. Дар ошёнаи аввал ҷангҷӯён ҷойгир буданд ва духтарҳоро ба қабати дувум бароварданд. Аз тамоми хонаводаи мо бо ман се бародарзодаам, духтарони 15, 16 ва 17-сола боқӣ монда буданд. Дуйи онҳо апаву хоҳар буданд ва дигарӣ аз бародари дигарам. Он ҷо ду рӯз, то 18 август мондем. Шишаҳои тиреза сиёҳ буд ва мо намедонистем, ки шаб аст ё рӯз. Танҳо ҳар вақте ки ба мо хӯрок меоварданд, мепурсидем, ки соат санд аст. Шаби 18 август ба қабати дувум ҳудуди 100 ҷангҷӯй баромад. Дар миёнаҷойи ҳуҷра қарор гирифта, духтаронро аз назар мегузарониданд ва интихоб мекарданд. Моро даҳшат фаро гирифт. Бисёре аз духтарон беҳуш шуданд, дигарон аз тарс қайъ карданд, касе дод мезад, вале онҳо барои худ касеро, ки мехостанд, мегирифтанд. Ман бо духтарони бародаронам дар сақф печ мехӯрдем ва якдигарро оғӯш мегирифтему намедонистем чӣ кор кунем ва мо ҳам дод мезадем.
Ба ҳуҷра як одами бисёр бузургҷусса, ки мисли ҷевон буд, ворид шуд ва гумон мекардӣ панҷ одамро якҷо карда бошанд. Ӯ ба тарафи ман ва бародарзодаҳоям омадан гирифт. Духтарон пушти ман пинҳон шуданд ва мо аз тарсу даҳшат дод мезадем. Пеши ман истод ва гуфт: “Бархез”. Ҳаракат накардам ва хомӯш меистодам, ки бо пояш маро ҷунбонд ва гуфт: “Ту, бархез!”. Ман гуфтам: “Намехезам, ман бо дигар кас меравам, аз ту метарсам”. Он ҷо як ҷангҷӯйи дигар омад ва гуфт: “Ту муваззафӣ, ки бо ҳар касе, ки туро интихоб кардааст, биравӣ. Назди шумо меоянд, вазифадоред, ки бихезеду биравед, ин фармон аст”.
Ӯ маро ба ошёнаи аввал бурд, ки он ҷо ҳар духтареро, ки бо касе рафтааст, номнавис мекарданд. Он ҷо рӯйхати духтарон буд ва онҳо ҳар касеро, ки бо кадом марде рафтааст, зери номаш хат мекашиданд. То замоне, ки номи маро мекофтанд, то зераш хат бикашанду бо он фарбеҳ биравам, дар давру бари хеш пойи касеро эҳсос кардам. Ба пойи ӯ дар афтодам ва бе ин ки ба чеҳрааш нигоҳ кунам, гуфтам: “Зорӣ мекунам, маро бо худ бигир ва ҳар куҷо, ки мехоҳӣ бибар, танҳо маро аз ин одам раҳойӣ бубахш, ман аз ӯ метарсам”. Ва ин марди ҷавон бо арабӣ ба он бузургҷусса гуфт: “Ман ин духтарро мехоҳам ва бо худ мебарам”.
Он одамро Ҳоҷӣ Салмон ном мебурданд. Як қумандони саҳроӣ аз Мосул буд. Маро бо худ гирифт. Ӯ шаш муҳофиз дошт. Яке аз онҳо барои ман Қуръон мехонд. Ҳоҷӣ Салмон маро ба ҳуҷрааш бурд ва талаб кард, ки Исломро бипазирам. Посух додам: “Агар маро маҷбур накунӣ, ки бо ту ҳамхоба шавам, Исломро мепазирам”. Гуфт: “Не. Ба ҳар сурат ту зани мо мешавӣ ва барои ҳамин туро интихоб кардам”. Гуфтам, ин тур бошад, Исломро намепазирам. Ҳоҷӣ Салмон гуфт: “Шумо язидиҳо, кофиред, бебоваред. Шумо бояд эътиқодманд шавед, ҳоло шумо бебоваред”. Ман пурсидам, ки бародарони ман, хешовандонам куҷоянд? Ӯ посух дод, “онҳо бебовар буданд, онҳоро куштам. Туро бошад ба мусалмонҳои ДИИШ медиҳам ва ту бебовариро қатъ мекунӣ. Мо шуморо аз кофирҳо ба он хотир озод кардем, ки Исломро бипазиред”.
Ӯ либосҳояшро бадар кард ва гуфт, ки ман ҳам бадар кунам. Гуфтам, ту медонӣ, ман беморам. Вақте шумо мардҳои моро куштед, ман бемории занона шудам. Барои ман бисёр дардовар аст, намехоҳам либосҳоямро бадар кунам, ман наметавонам мардеро бипазирам. Вале маҷбурам кард, ки либосҳоямро бикашам, то бубинад, ки дар ҳақиқат бемории занона дорам ё на. Вақте мутақоид шуд, оромам гузошт ва он шаб маро таҷовуз накард.
Субҳи дигар ба ман гуфт: “Ман ҳоло меравам, вале шаб ба наздат меоям ва фарқе надорад, ки бемории занона дорӣ ё не, бо ту ҳамхоба мешавам”. Соатҳои шаши шом буд, ки ронандаи ӯ ба пеши ман омад. Бароям ороишот ва пероҳан оварда гуфт: “Ҳоҷӣ Салмон гуфт, бояд шустушӯ кунам, худро биороям ва пероҳанро ба бар кунаму барояш омода шавам. Ӯ ҳоло меояд”.
Фаҳмидам, ки чораи дигар нест. Тамоми фармудаҳоро иҷро кардам ва дар рахти хоб омода шудам. Вақте ба ҳуҷра ворид шуд, либосҳояшро баровард ва ба номусам таҷовуз кард. То ин замон ман бокира будам. Дар роҳрави ин ҳуҷра муҳофизони ӯ, ронандааш ва дигар ҷангҷӯён қарор доштанд ва ман тамоми муддат дод мезадам ва ёрӣ мехостам, вале касе ба ёрӣ наомад ва барои онҳо фарқе ҳам надошт. Рӯзи дигар ба ман либоси комилан сиёҳ пӯшониданд. Маро ба додгоҳи исломӣ бурд. Он ҷо ҳазорҳо духтареро дидам, ки мисли ман бо либоси сиёҳу чеҳраи пӯшида ҳузур доштанд ва паҳлӯйи ҳар кадоме як ҷангҷӯй меистод. Маро назди додрас, ки Ҳусейн ном дошт, бурд. Қозӣ Қуръон хонд ва маро маҷбур карданд, ки калимаҳоеро такрор бикунам, ки бо онҳо инсон Исломро мепазирад. Баъдан ҳар як духтарро акс мегирифтанд ва ба девор меовехтанд ва зери ҳар акс шумора мегузоштанд. Ин шумора марбути касе буд, ки то ин замон бо он духтар ҳамхоба шудааст. Зери акси ман шумора ва номи Ҳоҷӣ Салмонро навиштанд. Инро ба чӣ хотир мекарданд? Ба додгоҳ ҷангҷӯён меомаданд ва суратҳоро тамошо кардаву агар духтаре писандашон омад, ба ҳамон шумора занг зада, духтарро ба иҷора мегирифтанд. Барои иҷора пул ё ашёи дигар пардохт мекарданд. Моро мумкин буд, ки иҷора бигиранд, бихаранд ва ё туҳфа кунанд.
Вақте мо аз додгоҳ баргаштем, ӯ ба ман гуфт: “Дар бораи гурехтан фикр накун. Барои ту бисёр бад мешавад. Мо бо ту корҳое намекунем”. Ман гуфтам, наметавонам бигрезам, ту ДИИШ ҳастӣ. Ман медонам, ки заъифам.
Як ҳафта аз буданам бо ӯ сипарӣ шуд. Меҳмонҳои зиёде дошт. Ин бисёр зиндагии тоқатфарсо буд. Маро боястӣ, ки аз он ҷо фирор кунам ва кӯшиш кардам, ки бигрезам. Дар дохили бино ҳақ доштам, ки аз як қабат ба қабати дигар гаштугузор кунам. Барои ҳамин қарор додам, бигрезам. Соати 8-и шом ба табақаи аввал фуромадам ва аз пештоқи пасти қабати аввал ба зинапояҳое, ки ба тарафи боғ буданд, мефуромадам, ки як муҳофиз боздоштам кард. Ҳоҷӣ Салмон маро азоб дод, латту кӯб кард ва баъдан гуфт: “Зуд либосатро бадар кун”. Одатан ӯ аввал либоси худро мекашид ва баъд ин амалро аз ман талаб мекард, вале ин бор ӯ маро водор ба либос кашидан кард. Ин Ҳоҷӣ Салмон одами бисёр бади бад буд ва ман мисли ӯ золимро надидаам.
Аз тарс тамоми либосамро бадар кардам. Урён дар кунҷи ҳуҷра будам ва ӯ супориш дод, ки ба рахти хоб бишинам. Ба ман гуфт: “Ман ба ту чӣ гуфта будам? Агар талоши гурехтан мекунӣ, бо ту чиҳое нахоҳам кард”. Берун рафт ва ба ҳуҷра шаш муҳофизаш ворид шуданд. Дарро бастанд. Ҳоло ҳам тамоми ҳодиса дар пеши назарам ҳаст. Ман танҳо ёд дорам, ки чӣ гуна се нафари онҳо маро таҷовуз карданд. Баъдаш аз ҳуш рафтам ва намедонам, ки онҳо чанд нафар шуданд ва боз чӣ шуд. Рӯзи дигар, соати 8-и субҳ чашмонамро кушодам, ки касе дар ҳуҷра нест. Ҳамин тариқ се рӯз дар ҳуҷра мондам. Барои ман бисёр дардовар буд, наметавонистам, ба по бихезам. Касе наздам намеомад. Танҳо баъзан ҳамон муҳофизон хӯрок меоварданд. Рӯзи чаҳорум ба по хестам ва ҳамом рафтам. Рӯзи дигар ба ман гуфтанд, либосҳои сиёҳатро бипӯшу омода бош. Ду мард аз шаҳри Ҳамдония омаданд, ки низ диишӣ буданд. Ба ман гуфтанд: “Туро харидем, либосҳоятро бипӯш, бо мо меравӣ”.
Маро ба Ҳамдония оварданд. Ба як ҳуҷраи калоне ворид шудам ва дидам, ки он ҷо либосҳои занонаи язидӣ партофта шудааст. Либоси бисёре. Ва ин ҷангҷӯён гуфтанд, то ман 11 зани дигарро дар ин ҳуҷра таҷовуз кардаанд. Ду ҳафта бо онҳо будам. Ҳар ҳафта бо яке аз онҳо. Баъдаш ду марде омаданд, ки бо худ чаҳор духтар доштанд, ки мисли ман либоси сиёҳ пӯшида буданд. Намедонам онҳоро аз куҷо оварда буданд, зеро иҷоза намедоданд, ки бо ҳамдигар суҳбат кунем. Маро гирифтанд ва он духтарҳоро ба он ду мард доданд. Иваз карданд. Ин чор нафар дар яке аз постгоҳҳои деворӣ хидмат мекарданд. 10 рӯз бо онҳо будам. Маро таҷовуз мекарданд. Баъд як ронандаи диишӣ аз шаҳри Мосул омад ва маро бо худ бурд.
Бо ӯ ду шабу се рӯз будам. Шаби сеюм бароям гуфт: “Ман ҳоло барои либоси зебо барои ту меравам. Ту бояд шустушӯ кунӣ ва либоси нав бипӯшӣ, то зебо ба назар бинамойӣ. Туро чанд нафаре дидан меоянд ва агар писанд шавӣ, мехаранд”. Тақрибан соатҳои 11-и шаб буд, ки аз хона берун рафт. Дар хона танҳо мондаму аз он берун шудам. Гурехтам, оҳиста аз миёни хонаҳои кӯҳна мерафтам ва яке аз дарвозаҳоро тақ-тақ задам. Дар кӯча барқ набуд. Касе дарро боз кард ва ман зуд ворид шудам, намедонам ҷангҷӯй буд ё инсони одӣ, мард буд ё зан, вале кӯшиш кардам хонаи муносибтаре пайдо кунаму пинҳон шавам.
Тобистон буд, хеле ва хеле гарм. Барқ набуд. Дидам, ки дар хона зан ва кӯдак низ ҳаст. Гуфтам, язидӣ ҳастам, тамоми саргузашти худро нақл кардам ва зорию тавалло намудам, ки ёриям кунанд, то фирор кунам. Шавҳари он зан гуфт: “Ҳоло шабро рӯз кун, фардо мебинем”.
Шаш бародари маро кушта буданд, вале се тойи дигарашон дар Курдистон кор мекарданд, ман медонистам, ки яке аз онҳо дар урдугоҳи гурезаҳо кор мекард ва шумораашро дар хотир доштам. Фардо ба пеши шавҳари он зан рафтам ва гуфтам ба ман ёрӣ расон. Бародари ман дар лагери гурезаҳо, дар Курдистон зиндагӣ мекунад. Ба ман мобайлатонро бидиҳед ба бародарам занг мезанам. Ҳар чизе ки бихоҳед медиҳам, фақат ёрмандӣ кунед, ки бигрезам. Ба ман мобайл додаданд. Ба бародарам занг зада гуфтам, ба инҳо пул биоварад. Онҳо гуфтанд, ки ба ман санади шахсият медиҳанд, либоси сиёҳ мепӯшонанд ва бо таксӣ мефиристанд.
Ин хонавода ба таври боварнакарданӣ хуб буданд, бисёр мехостанд, ки ёриям кунанд, вале бисёр камбағал буданд. Бародарам ба онҳо пул фиристод ва гуфт, бояд ба Киркук бирасам. Пеш аз сафар он мард маро бо фаранҷӣ акс гирифт ва тавассути вайбер ба бародарам фиристод. Навишт, ки ман дар ҷустуҷӯ қарор дорам ва ӯ риск мекунаду маро мебарад. Он мард бо ман роҳӣ шуд, фаранҷӣ доштам, ки ба ҷуз чашмоном тамоми баданам пӯшида буд. Касе тафтиш ҳам накард ва ба чеҳраам нанигарист, танҳо ба санад менигаристанд. Вақте мерафтем, акси ман дар ҳар кадом постгоҳ овезон буд. Ин ҳамон аксе буд, ки дар додгоҳ гирифта буданд ва фаранҷӣ надоштам. Зери акс навишта шуда буд: “Ин язидидухтари фироркардаест ва агар касе ӯро меёбад ба қароргоҳ баргардонад”.
Мо се постгоҳро убур кардем. Вақте то Киркук ба постгоҳ расидем, он ҷо сарбозони курд буданд ва бародари ман низ он ҷо буд. Маро пазируфт ва бо бародарам рафтам. Ба хотир дошта бошед, ман дар бораи шуморе аз одамон гуфтам, ки мехостанд маро бо худ бигиранд. Вақте маро Ҳоҷӣ Салмон бо худ гирифт, ҳамчунин духтари бародарамро низ гирифта буд. Ӯ  7 моҳ дар Мосул буд ва борҳо хариду фурӯш шуд. Ӯ ҳам мисли ман наҷот ёфт. Ҳоло бештар аз ду моҳ мешавад, ки дар Олмон аст. Ба духтари дигари бародарам чӣ шуд, хабар надорам. Ҳеҷ иттилое нест.
Бо ду хоҳари ман, ки ба Сурия фиристода шуданд, чунин ҳаводис рух дода буд. Онҳоро ҳам борҳо хариданду фурӯхтаанд. Баъдан касе аз хешовандонамон пули бисёре пардохту халосашон кард. Якеашон ҳоло дар Олмон аст ва дигаре дар Курдистон, дар урдугоҳ.
Мардоне, ки моро мехариданду мефурӯхтанд, нисбат ба мо беҳис буданд. Ман миёни онҳо ҳеҷ марди хуберо вонахӯрдам. Онҳо бисёр хуш буданд, ки ин корро маҳз бо язидиҳо анҷом медиҳанд. Онҳо бо масеҳиён, бо шиаҳо ҳам рафтори бад мекарданд, бо тамоми аққалиятҳо чунин муносибати дағалона мекарданд. Вале бо язидиҳо муносибати махсусан бад доштанд. Занҳоро таҷовуз мекарданад ва мефурӯхтанд, мардҳоро мекуштанд. Ҳеҷ кас аз деҳаи мо: на занҳо, на духтарҳо, на мардон, на кӯдакҳо — як нафар ҳам аз хушунат дар канор намонд. Ҳудуди  3400 язидӣ, зан, кӯдак, солхӯрда ва духтарони ҷавон гум шуданд. 16 моҳ мешавад, ки касе дар бораи онҳо чизе намедонад. Касе мегӯяд, ки онҳо фирор карданд. Боз мегӯянд, бештарашон ба худкушӣ даст заданд. Вале ҳеч кас аз сарнавишти онҳо дараке надорад. Онҳоро намекобанд, дар бораашон як калима ҳам суҳбат намекунад. Ҳоло тамоми ҷаҳон бо дард мебинад, ки ДИИШ чист? Вале ҳамин ҳоло ҳам кӯдакону духтаронро мефурӯшанду хушунат мекунанд. Вале виҷдони инсоният бедор нашудааст ва ин занҳоро касе ҳам озод намекунад”.

Тарҷума ва таҳияи Иршод Сулаймонӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *