Мардумфиребӣ дар соҳили Искандаркӯл

  Таќдир мардуми дењаи Работро  тайи ду дањсолаи охир чандин бор дар мизони тоќату  бурдборї санљидааст. Агар дар оѓоз ин санљишњо бо айби сар задани љанги шањрвандї бошад, дар охир бо гуноњи мансабдорони худхоњ аст, ки имрўз њам мушкилоти ин мардуми мењнатиро нодида мегиранд. Дар замони Шўравї мардуми дењаи Работ бо фармони роњбарони ваќт аз ин дења кўчонида шуданд. Зеро дар ин мавзеъ обанбори обтозакунии Комбинати маъдантозакунї сохта шуд. Мардуми Работ аксаран ба ноњияи Ёвон муњољир шуданд. Тўли як дањсола онњо дар ин љо ба пахтакорию  зироаткорї машѓул шуданд. Ќисме аз онњо баъд  дањ  сол ба дењаи бобої баргаштанд.   Аммо баъдтар  љанги шањрвандї  аксари работињоро   маљбур кард, ки ба зодгоњи  худ баргарданд. Як ќисмати сокинон дар ин љо аз сари нав хона сохтанду зиндагиро идома доданд. Аммо барои сокинони навбаргашта на майдони фаъолият буду на љойи кор. Аз њамин сабаб њам онњо тасмим гирифтанд, ки бо колхози Русияи ноњия шартнома баста,  дар рў ба рўйи посёлкаи кўњканон-Зарафшон  замини бекорхобидаеро ба кор андозанд ва њам худашону њам хољагиро обод кунанд. Ба ин мавзеъ, ки Сангучит ном дорад, бо мусоидати маъмурияти колхози њамонваќтаи Русия 15 нафар работиён соњиби участкаи корї шуданд. Бо машаќќати зиёд ба ин љо об бароварданд. Ду соли аввал аз ин замин њосили хуб њам гирифтанду шартномаи колхозро њам иљро карданд. Аммо соли сеюм…Замоне, ки як гурўњ занону бачањои Работ дар замини ободнамудаи худ машѓули киштукори навбатї буданд, ду мошини пуродам аз дењаи Махшевад ба сари замини онњо омада, работиёнро  ронданд ва худашон ба ин замин тухм пошида таъкид карданд:

-Ин замини мост ва дигар ба ин љо ќадам нагузоред…

Арзу доди мардуми Работ ба гўши касе нарасид ва онњо барои ин худсарї љазо њам нагирифтанд, баръакс, њоло дар он мавзеъ хона сохта  истодаанд. Онњо дигар на аз ин заминњо њосил мегиранду на ба колхоз чизе медињанд. Боѓе, ки работиён сабзонда буданд, ба дасти мардуми Ѓабирўд гузашт ва њоло аз њосили он њатто шиками худи боѓбонњо сер намешавад. Аммо Абдуѓаффор Рањмонов, ки як «дањонкалонњо»-и Работ буду дар ваќташ мардум бо маслињати ў ин заминро обод намуданд, коре карда натавонист. Мардуми Работ љангљолї не, балки ободкоранд.  Онњо боз њам бо маслињати њамин Абдуѓаффор ба обод  намудани мавзеи  Њайдарњусейн  сар карданд.  Соли 1993  бо супориши роњбари ваќти ноњияи Айнї Усмонќул Шокиров аз Работи кўњна барои гурезагон 2 га замин људо карданд. Он ваќт Абдуѓаффор ба назди работиён баромада гуфта буд:

-Дар ин замин мењнат кунед, онро ба њамаатон баробар таќсим карда медињем…

Мардум замини санглохро аз санг тоза карда, онро њамвор намуданд Аммо њайњот. Баъдтар ба ин замин худи Абдуѓаффор Рањмонов ва Шоназар Абдуллоев соњиб шуданду онро ба як сокини Душанбе фурўхтанд. Баъдан бо хоњишу супориши роњбари дењаи Работ Рањмонов дар рў ба рўйи кўњи Раъат ду гектар замини санглоху нообод буд, ки он аз љониби работињо пурра барои кишт тайёр карда шуд. Барои ин кор ягон кас ба ин мардум як тин њам надодааст. Он замон «пешво»-и работињо Абдуѓафор, ки дар винозаводи мањаллї кор мекард, замини ободшударо ба корхонаи хусусии винозавод, ки роњбараш дўсташ Шоњназар буд, супорид. Бо роњнамоии Абдуѓаффор дар замини рў ба рўйи кўњи Раъат, дар он тарафи дарё корхонаи винозавод тарабхонаву мењмонхона ва боѓ бунёд карданд. 1 гектар замини боќимондаашро Арбобов Ёќуб, ки зодгоњаш дењаи Ѓаберуд буду истиќоматкунандаи шањраки Сарвода аст, соњиб шуд. Боз њам мардуми Работ бе замину бе пуштибон монданд… Њоло барои мардуми  Работ, ки дар ду дења зиндагї мекунанд ва онро бо зањмати зиёд обод  намудаанд, гирифтори мушкилии дигар шудаанд. Њар касе, ки аз шоњроњи байни Душанбею Хуљанд мегузарад, дар кўњи  он љо ангишти асрњо инљониб сўхтаистодаро мебинад. Работињо дар як ваќт њам ќисматњои оташгирифтаистодаи ин захираро наљот медињанд ва њам аз ин сарвати ватани худ истифода мебаранд ва ба хонањояшон оварда, дар бухориашон месўзанд. Аммо барои ин кор аз љониби маќомоти дахлдор бо љарима тањдид мешаванду барои «нарм кардани дили масъулон» «гулўи онњоро  равѓан мекунанд» Боре як  корманди назоратии ангишт ба ман гуфтабуд:

-Бигзор захирахои табиии Точикистон сухта хокистар шаванд, аммо шахрвандони худи Тољикистон захирањое, ки месўзад, наљот дода истифода набаранд. Агар истифода мебаранд ба маблаги 700 сомонї чарима мекунем.

Аммо работиён, ки бо мењнати њалолашон дар як рўз то 200 кг ангиштро бо зоѓнул мекананд, розї њастанд, ки андози муайян ба давлат супоранду аз дањњо порагирон наљот ёбанд.

Хулоса, дардњои мардуми Работ зиёд аст, аммо кани нафаре, ки онњоро гўш кунаду ба додашон расад?

У.Усмонзода,

сокини дењаи Работи ноњияи Айнї

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.