Дабири Шӯрои дифоъ ва фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Эрон кушта шуданд
Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои дифоъ ва Муҳаммад Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Эрон дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Теҳрон кушта шудаанд. Дар ин бора хабаргузории давлатии Эрон – “ИРНА” хабар дод.
Дарёбон Алии Шамхонӣ соли гузашта дар ҷанги 12-рӯзаи Исроил дар Эрон ҳам ҳадафи ҳамла қарор гирифта буд, аммо он вақт саломат монд. Ӯ пас аз ин ҷанг дабири Шӯрои дифои Эрон таъйин шуда буд.
Муҳаммад Покпур пас аз кушта шудани Ҳусайн Саломӣ, собиқ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Эрон дар ҳамлаи Исроил дба ин мансаб таъин гардида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ