Дар ҷойи «Зелёний бозор» маркази тиҷоратӣ ва савдо сохта мешавад

Дар шаҳри Душанбе дар ҷойи бозори собиқи «Шоҳмансур», маъруф ба «Зелёний бозор», бунёди маркази тиҷоратӣ ва савдо дар назар аст.

Дар ин бора Самӣ Азизиён, сармеъмори пойтахт хабар дода, гуфтааст, ки қарор оид ба сохтмони ин маҷмаа аз ҷониби шаҳрдори Душанбе тасдиқ шуда, ҳоло корҳои лоиҳакашӣ идома доранд.

Ба гуфтаи ӯ, дар масоҳати тақрибан 30 гектар маҷмаае иборат аз меҳмонхона, маркази савдо, биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ бунёд хоҳад шуд.

Номи ширкати сохтмонӣ, шумораи ошёнаҳо ва муҳлати оғози корҳои сохтмонӣ маълум нест.

Ёдовар мешавем, бозори «Зелёний бозор» соли 2017 тахриб шуда, то имрӯз замини он холӣ боқӣ монда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *