Дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе барқ муваққатан қатъ мегардад
Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки бинобар анҷом додани корҳои таъмирию профилактикӣ дар ХБҲ 110/10 кВ-и зеристгоҳҳои барқии «Заводӣ» ва «Гунбаз», рӯзи 21 январ, аз соати 09:00 то 12:00, дар баъзе кӯчаҳои пойтахт қувваи барқ муваққатан қатъ карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, қатъи барқ дар ноҳияи Сомонӣ кӯчаҳои Бухоро, Шевченко, Қаҳҳоров ва Рӯдакиро дар бар мегирад.
Ҳамзамон, дар ноҳияи Сино кӯчаҳои Р. Набиев, Ҷомӣ, Ҷ. Расулов, Борбад, Шестопалов, Хуҷандӣ, Доварз, Фурӯзон, Чортут ва Дилкушо қисман бе барқ мемонанд.
Мақомот аз сокинон хоҳиш мекунанд, ки бо дарназардошти ҳолати зикршуда фаъолияти худро пешакӣ ба нақша гиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ