Дар Бохтар беш аз 300 ниҳоли нодир шинониданд
Дар шаҳри Бохтар маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Иқдоми мавриди назар ба хотири боз ҳам сабзтар гардидани маркази маъмурии вилояти Хатлон аст.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ Абдулмаҷид Муминзод, шаҳрдори Бохтар ҳам иштирок кардааст. Ин навбат бо фарқ аз дигар маъракаҳои дарахтшинонӣ, беш аз 300 ниҳоли нодир ва ба иқлими минтақа мутобиқ шинонида шудааст.



Мақсад боз ҳам беҳтар кардани вазъи экологӣ, зебову назаррабо гардонидани муҳити шаҳр ва фароҳам овардани фазои солиму мусоид барои сокинон мебошад.
Абдулмаҷид Муминзода таъкид кардааст, ки ниҳолшинонӣ танҳо оғози кор буда, нигоҳубини дуруст, обёрии саривақтӣ ва ҳифзи он аз вазифаҳои муҳими масъулин мебошад.
Минтақаи Бохтари вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои офтобӣ ва гарм дар кишвар аст. Бештар шинонидани дарахт яке аз заминаи асосии мубориза бо тағйирёбии иқлим мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ