Дар бораи сели харобкори Исфара маълумоти расмӣ дода шуд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар бораи харобиҳои расида аз сели рӯзи 26-уми июни соли равон ба ноҳияи Исфара хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ин сел ба дунболи борони шадиди рӯзи 26-уми июн тахминан соати 17:30 дақиқа омад ва дар ҷамоати деҳоти Ворух, маҳаллаи Хушобод зарар расонд.

— Комиссияи аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ташкилшуда вазъро омӯхтаву таҳлил кард ва ба натиҷа расид, ки сел ба 51 хонаи истиқоматии сокинони маҳалла ворид шуда, 10 ишооти ёрирасон зарар дидаву як чорвои калон ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин, ҳудуди 3 км роҳи дохили маҳалла корношоям шудааст,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки айни замон дар маҳаллаи Хушободи ҷамоат корҳои бартарафсозии паёмадҳои ин офати табиӣ оғоз гардида, барои пурсамар гузаштани кор 3 адад автомашинаи тамғаи МАЗ, 2 адад КАМАЗ ва 2 экскаватор ҷудо карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *