Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон шаш ихтисоси нав ташкил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон шаш ихтисоси нав таъсис ёфт, ки ба талаботи муосири бозори меҳнат ҷавобгӯ мебошанд. Дар ин бора ректори донишгоҳ Бобоҷон Сатторзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ихтисосҳои нав иборатанд аз:
- Молияи бозори амвол;
- Иқтисодиёт ва молияи корхонаҳои хоҷагии шаҳр;
- Иқтисодиёт ва молияи хоҷагии манзилию коммуналӣ;
- Менеҷменти лоиҳаҳои рақамӣ;
- Иқтисодиёти «сабз»;
- Иқтисодиёт.
Ташкили ин ихтисосҳо бо дарназардошти ниёзҳои афзояндаи иқтисоди рақамӣ, идоракунии устувори захираҳо ва рушди устувори шаҳрҳо роҳандозӣ гардидааст.
Ҳоло дар донишгоҳ 6 факултет, 17 кафедраи тахассусӣ ва 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ фаъолият менамоянд. Роҳбарияти донишгоҳ изҳор доштааст, ки дар оянда низ бо дарназардошти равандҳои ҷаҳонии иқтисодӣ ва талаботи бозори меҳнат, дигар барномаҳои таълимиро низ навсозӣ ва муосир мегардонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ