Дар Душанбе боғчаи “Марям” ифтитоҳ шуд

Имрӯз, 15 август бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Лермонтови ноҳияи Сино муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Марям  мавриди  истифода қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, муассисаи тозабунёд аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ шудаст.

Дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозими зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ  ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда,  омӯзиш дар он бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *