Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ баргузор шуд

Дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf 2025» баргузор шуд. Дар он муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, намояндагони Ҳукумати кишвар, ширкатҳои бонуфузи соҳаи технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ, марказҳои тадқиқотии байналмилалӣ иштирок намуданд.

Ҳоким Холиқзода дар суханронӣ иброз дошт, ки имрӯз ҷаҳони муосир ба марҳилаи нави илму техника ворид гаштааст. Зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои муҳими иқтисоди рақамӣ ба шумор рафта, дар ҷаҳон ба таври бесобиқа рушд менамояд.

 «Зеҳни сунъӣ танҳо воситаи ёридиҳанда набуда, он ба қабули қарорҳо ба нақшагирӣ, дар маҷмуъ ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсон ворид шудааст. Мутобиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ то соли 2030 зеҳни сунъӣ метавонад ба афзоиши маҷмуи маҳсулоти ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузорад», – изҳор дошт муовини якуми Сарвазири мамлакат.

Дар идома тазаккур дода шуд, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишвари ташаббускор дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ҳанӯз соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки аввалин санад дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҳамзамон, соли равон бо ташаббуси Тоҷикистон Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул карда шуд. Он аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, мавқеи кишварро ҳамчун ташаббускори рушди зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ таҳким мебахшад.

Дар назар аст, ки Маркази зеҳни сунъии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *