Дар Хатлон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз шуд
Дар вилояти Хатлон маъракаи ниҳолшинонӣ шуруъ шуд. Бо иштироки Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Хуросон, канори шоҳроҳи Душанбе — Бохтар ҳазор дарахт шинонида шуд.
Давлаталӣ Саид дар суҳбат бо мутахассисону сокинон таъкид кард, ки чунин тадбирҳои сабзкорӣ густариш хоҳанд ёфт ва ҳамзамон, аҳамияти нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонидашаванда барои таъмини рушди устувори муҳити зист дар мадди аввал бояд бошад.
“Ҳар яки моро зарур аст, то барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, ниҳолшинониву кабудизоркуниро ба роҳ монем ва ба хотири наҷоти табиат ва инсоният корҳои назаррасеро ба анҷом расонем”, -афзуд вай.
Дар рӯзи аввали оғози маъракаи ниҳолшинонӣ Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон ва гурӯҳе аз мутахассисону фаъолон дар доираи ин тадбири экологӣ дар канори шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар беш аз 1000 дона ниҳоли ҳамешасабзу сояафкан шинониданд.
Бо супориши раиси вилояти Хатлон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои бунёдкорию созандагӣ, нишолшинонӣ ва кабудизоркунӣ вусъат бахшида, барои ободу зебо гардонидани ҳар як деҳа, маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тадбирҳои самарабахш андешида шуда истодааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ