Дар Хуҷанд муҷассамаи нависандаи рус Антон Чехов гузошта шуд
Дар саҳни мактаби русӣ-тоҷикии ба номи А.П. Чехов дар шаҳри Хуҷанд муҷассамаи нависандаи машҳури рус Антон Павлович Чехов гузошта шуд.
Маросими пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи нависандаи рус 6 феврали соли равон сурат гирифт.
Дар чорабинӣ Консули генералии Русия дар Хуҷанд Сергей Ланкин, муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, роҳбари “Русский дом” дар Хуҷанд Татяна Мудрова, директори мактаби русӣ-тоҷикии ба номи А.П. Чехов Мубинахон Хоҷаева ва ҳамзамон ректори Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай Ирина Лазаренко иштирок карданд.
Дар ин бора “Русский дом” дар саҳифаи расмиаш иттилоъ додааст.
Ин яке аз 5 мактаби миёнаи русӣ дар Тоҷикистон аст, ки аввали моҳи сентябри соли 2022 ифтитоҳ шуд. Маросими ифтитоҳи мактабҳо бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Русия Владимир Путин ба таври маҷозӣ сурат гирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ