Дар моҳи Рамазон интиқоли барқ то 17 соат дар як шабонарӯз зиёд мешавад
Ширкати “Барқи тоҷик” гуфтааст, ки ба муносибати моҳи шарифи Рамазон реҷаи интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ тағйир дода мешавад.
Сухангӯи ширкат Қурбон Аҳмадзода гуфтааст, ки аз 19 феврал сокинон дар як шабонарӯз то 17 соат бо барқ таъмин хоҳанд шуд.
Барқ аз соати 15:00 то 08:00-и субҳ дода шуда, аз соати 08:00 то 15:00 қатъ мегардад.
Қаблан вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ваъда дода буд, ки дар моҳи Рамазон ҳаҷми таъминот зиёд карда мешавад.
То имрӯз, тибқи реҷаи амалкунанда, дар минтақаҳо барқ ҳамагӣ 7 соат — субҳ аз 5:00 то 8:00 ва шом аз 17:00 то 21:00 дода мешуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ