Рӯшон

Дар Рӯшону Роштқалъа: Се хона зери санг шуд, марде ба ҳалокат расид

Дар Рӯшон се хонаи истиқоматӣ зери санг мондааст. Дар пайи ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, ҳаҷми зарарро Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулода муайян мекунад.

КҲФ инчунин иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 23-юми январ марди тақрибан 36-солаи сокини деҳаи Бидизи ноҳияи Роштқалъа ҳангоми ҳезумчинӣ дар пайроҳаи яхбастаи куҳӣ лағжида афтода ва сараш ба ях бархӯрдааст. Номбурда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *