Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ нақлиёти сабукрав бо 4 мусофир зери тарма монд

Дар километри 67-уми роҳи Душанбе-Чаноқ тарма фаромад. Ҳодиса чанд лаҳза пеш, баъди нисфирӯзӣ ба қайд гирифта шуд.

Дар ин бора ширкати роҳтозакунии IRS хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, баландии тарма 4 метр ва паҳноияш беш аз 40 метр буд. Дар натиҷаи ин ҳодисаи фавқулодда, як нақлиёти сабукрави тамғаи “Мерседес” зери тарма монд, ки дарунаш ронанда ва 4 мусофир буданд.

 Кормандони ширкат бо мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ фавран ба ҷойи ҳодиса расида, ронанда ва мусофиронро аз зери тарма берун оварданд ва оқибати ҳодиса бе талафоти ҷонӣ бартараф карда шуд. Аммо мусофирони дар нақлиёт буда, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд, ки онҳоро ба беморхона интиқол доданд.

Ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати нақлиёт аз ҳар ду самт таъмин аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *