Дар Тоҷикистон замин сахт такон хӯрд

Шаби 21 март, соати 21:47 дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Тавре мушоҳида гардид, ду маротиба пайиҳам замин сахт такон хӯрд.
Бино ба маълумоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар километри 268-уми самти ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар музофоти Қундузи Афғонистон ҷойгир будааст.

Қувваи заминларза дар умқи 195 километр воқеъ буда, дар марказаш 7 балл ва дар шаҳри Душанбе 4,5 — 5 баллро ташкил додааст.

Заминларза дар тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон низ эҳсос шудааст.

Моро пайгири намоед дар Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.