Дар ғарби Туркия зилзилаи шадид рух дод

Шоми якшанбе, 10 август, соати 19:53 ба вақти маҳаллӣ, дар вилояти Баликесири Туркия зилзилаи қуввааш 6,1 балл ба қайд гирифта шуд. Ларзишҳоро дар бисёр минтақаҳо, аз ҷумла Истамбул ва вилоятҳои ҳамсоя низ эҳсос кардаанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Туркия, дар натиҷаи ҳодиса як зан ба ҳалокат расида, 29 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Аз рӯи ҳисобҳо, 16 бино пурра фурӯ рехтаанд. Ҳамчунин, ду манораи масҷид хароб шудааст.

Корҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ ба итмом расида, аммо пасларзаҳои то 4,6 балл низ сабт шудаанд. Мақомот аз аҳолӣ даъват карданд, ки то анҷоми санҷиши бехатарӣ ба биноҳои осебдида ворид нашаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *