Даргирӣ миёни Покистон ва Толибон
Тибқи гузоришҳо, нимаи дувуми 24-уми феврал миёни нерӯҳои Покистон ва низомиёни ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон даргирӣ сурат гирифтааст. Ҷонибҳо якдигарро ба оғози даргирӣ муттаҳам мекунанд.
Як манбаъ дар ҳукумати “Толибон” ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ тасдиқ кардааст, ки даргирӣ дар минтақаи Шоҳкути ноҳияи Нозиёни вилояти Нангарҳор сурат гирифт. “Даргирӣ аз сӯи ҷониби покистонӣ оғоз шуд ва бо посух аз сӯи нерӯҳои “Толибон” рӯ ба рӯ шуд”. Ба гуфтаи манбаъ, даргирӣ поён ёфта, талафоти ҷонӣ нест.
Аз сӯи дигар, як сухангӯи ҳукумати Покистон гуфт, ки нерӯҳои марзии “Толибон” дар ду минтақа ба сӯи сарбозони покистонӣ тирандозӣ карданд. Мушарраф Зайдӣ, сухангӯи нахуствазири Покистон дар шабакаи Х навишт, ки “Толибон дар Афғонистон дар минтақаҳои Турхам ва Тира бе ҳеч сабаб ба нерӯҳои амниятии Покистон тирандозӣ карданд ва нерӯҳои амниятӣ посухи муносибе доданд”.
Ин даргирӣ миёни марзбонони Покистон ва низомиёни “Толибон” пас аз он рух дод, ки шаби якшанбе ҳавопаймоҳои ҷангии Покистон дар вилоятҳои Нангарҳор ва Пактикои Афғонистон ҳамлаҳо анҷом доданд.
Ба гуфтаи масъулони ҳукумати “Толибон”, дар ин ҳамлаҳо 18 нафар дар вилояти Нангарҳор кушта шуданд. Аз миёни кушташудаҳо ҷасади 4 кас ҳанӯз пайдо нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ