Даргузашти иштирокчии ҶБВ Абдулазиз Қодиров дар синни 107-солагӣ
Ҳукумати ноҳияи Шаҳринав аз даргузашти иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдулазиз Қодиров хабар дод. Номбурда рӯзи 25 феврали соли 2026 дар синни 107-солагӣ аз олам даргузашт.
Бино ба иттилои манбаъ, Абдулазиз Қодиров аз нафари маъруф ва эҳтиромёфтаи ноҳия буд, ки дар солҳои ҷанг хизмат кардааст ва солиёни зиёд ба хотири насли наврас ва ҷомеа намунаи ибрат буд.
Қодиров дар ду ҷанг -Ҷанги Шӯравӣ бо Финландия ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) — иштирок кардааст.
Дар яке аз мусоҳибаҳои худ барои Pressa.tj номбурда дар бораи даврони ҷанг, шикастҳо ва пирӯзӣ сухан карда, ҳамчунин аз вохӯрии худ бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудааст.
Маросими дафни марҳум 25 феврали соли 2026, соати 16:00, дар ноҳияи Шаҳринав баргузор гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ